Чанде пеш дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шаҳри Тошкент озмуни байналмилалии “Пешсафони ИДМ” (Лидеры СНГ) ҷамъбаст, гардид, ки дар он зиёда аз 1000 довталаб аз давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил иштирок намуданд.
Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ” аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намзадии довталабонро аз рӯи 15 номинатсия пешниҳод карда буд.
Дар натиҷа вобаста ба муҳтавои мақолаҳо ва натиҷаҳои дар фаъолият нишондодаи довталабон ғолибон муайян гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи озмуни мазкур директори Муассисаи давлатии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода аз рӯи номинатсияи “Технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ” ғолиб дониста шуда, бо нишони “Пешсафони ИДМ” қадрдонӣ гардид.
Технологияҳои иттилоотӣ дар замони муосир ботамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пайваст гардида, мунтазам ташаккул меёбад. Бо дарназардошти муҳиммияти технологияҳои информатсионӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ ба тасвиб расида аст, ки барои рушди ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ бо тамоми соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам сохтааст. Аз ҷумла, соҳаи маориф аз имконоти ин падидаи замони муосир васеъ истифода менамояд.
Яке аз чунин дастовардҳои нодир дар заминаи татбиқи ташаккули ҳукумати электронӣ барномаи журнали электронии “eDonish” мебошад, ки саҳми Зафар Муродзода дар таҳияи он назаррас буда, доир ба татбиқи он дар муассисаҳои таълимии пойтахт пайваста кӯшиш менамояд.
Ин аст, ки пешниҳоди мақола дар бораи “eDonish” ва дигар фаъолиятҳои назарраси ӯ аз ҷониби дастандаркорони озмуни байналмилалии “Пешсафони ИДМ” мавриди таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ қарор гирифт.
25 октябри соли равон ҷоизаи мазкурро директори генералии Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ” Додхудо Шарифзода тақдим намуд.