1-тоҷик куштаву 7-нафар захмӣ шуданд
Рӯзи 22-юми июл дар минтақаи марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон байни сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи Тоҷикистон задухӯрд ба амал омада, дар натиҷаи он 1- тоҷик кушта ва 7 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар навори видеоӣ, ки яке аз шоҳидони ҳодиса дар шабакаи Фейсбук гузоштааст, баръало маълум аст, ки чи тавр қирғизҳо ҷониби тоҷикони бесилоҳ санг меандозанд ва ҳатто тир мепаронанд...