Шароити хуби фаъолият дар кишвар мусоидат намудааст, ки имрӯзҳо ҷавонони зиёде дар самту соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Искандаров Юсуфҷони Мизроб яке аз ҷавонони рушдкардаи тоҷик аст, ки аз даврони мактабхонӣ то имрӯз соҳиби беш аз 200 дастовард гаштааст.
Қаҳрамони мо мутаваллиди 19-уми майи соли 2005-ум дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ, айни замон донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Новобаста аз донишҷӯ будан, Юсуфҷон ҳамзамон шоир, рӯзноманигор, донандаи забонҳои русиву англисӣ ва ҷавони боистеъдоду бомаҳорат дар байни ҷомеа ба шумор меравад. Аз синни хурдсолӣ ба хондан шавқу рағбати беандоза дошт ва дар мактаб ҳамчун хонандаи беҳтарин шинохта мешуд. Маҳз ҳамин шавқу рағбат буд, ки Юсуфҷон имрӯз дар Академия низ ҳамчун донишҷӯи фаъол шуҳрат ёфта, дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ пайваста иштироки фаъолона дорад.
Юсуфҷон Искандаров дар Judo club-и ноҳияи Айнӣ тамрин намуда, борҳо дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ӯ сазовори ҷойи 1-ум дар мусобиқаи вилоятӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, 3 маротиба дар мусобиқаи ноҳиявӣ дар ноҳияи Айнӣ ҷойи 1-ум ва 1 маротиба ҷойи 2-юм дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чандин маротиба сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.
Дар даврони мактабхонӣ чандин маротиба аз фанни география ва таърих сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гаштааст. Аз ҷумла, аз фанни география дар олимпиадаи вилоятӣ сазори ҷойи 2 ва дар ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ шудааст. Аз фанни таърих низ дар олимпиадаи вилоятӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардидааст.
Соли 2024 дар озмуни ҷумҳуриявии "Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст" иштирок намуда, дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи 2-юм дар номинатсияи "Эҷоди назму наср" гардида, дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ шудааст.
Соли ҷорӣ дар озмунии шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардидааст. Ҳамчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии "Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат" иштирок карда, ба даври ҷумҳуриявӣ, ки моҳи сентябр баргузор мегардад, роҳхат ёфт.
Хулоса, Искандаров Юсуфҷони Мизроб дар зиёд озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона менамояд ва ҳамеша кӯшиш мекунад, то номбардори Академия ва ноҳияву деҳаи худ бошад.
Ба ин ҷавони соҳибистеъдод барору муваффақият мехоҳем ва боварӣ дорем, ки бо чунин ҷавонон Тоҷикистони мо дар ҳоли рушд мебошад.