Дирӯз қалби марди нексиришту некпиндор Юсуф Нормуҳаммедов якбора аз тапидан бозмонд. Ин ҷавонмарди рустамбозу нав ба синни 45-солагӣ қадам ниҳода дар дил орзуву ҳавасҳои зиёде мепарварид, вале аҷал имкон надод, ки ниятҳои некашро ҷомаи амал пӯшонад. Тоҷикон масали пурҳикмате доранд: “Ҷавонмард баъди 40-солагӣ марди ҳақиқӣ мешавад!” Юсуф ҳам нав ба синни камолот расида дар авҷи ҷавонмардӣ қарор дошт ва мисли шоҳин дар фазои орзуҳои ширин парвоз мекард, аммо...
Тақдир бо ин марди шӯхтабъ бозиҳои номардонаи зиёде карда, ӯро аз чашидани лаззати бахт бенасиб гардонида буд. Модари меҳрубонаш бо дили саршори ҳавас ҷомаи домодӣ дӯхта, писари яккаву ягонаи худро бармаҳал хонадор кард, вале ба бахти бадаш ситораи домоду арӯс рост наомада, баъди муддати кӯтоҳе ҷудо шуданд.
Шикасти бахти аввал дили ҷавонро аз ҷинси латиф сард гардонд ва бо ҳамин дигар хонадор нашуд. Аниқтараш мисли Ҳазрати Юсуф вай як умр ишқи пок меҷуст, аммо пайдо кардани зебосанаме, ки мисли Зулайхо содиқонаву самимона дӯсташ дорад, ба Юсуф ҳеҷ муяссар нагашт.
Ҳамин тавр Юсуф тани танҳо монд ва ҷони ҷавонашро дар манзили зисташ ба танҳоӣ ба ҷонофарин супурда аз олам бе нишон даргузашт. Хабари марги нобаҳангоми Юсуф Нормуҳаммедовро субҳ дар ҷойи кор аз забони ҳамкорон шунида, қалбам лабрези ғаму андӯҳ гашт, охир ин марди наҷиб як-солу ду сол не, беш аз 20-сол дар ҶДММ “Оила” кор карда, хотираҳои зиёдеро дар дили мо, ҳамкоронаш боқӣ гузоштааст.
Муддати ду соли охир Юсуф дар Агентии рекламавии “Тайрон” ба ҳайси муҳофиз кор мекард ва баъзан қасдан моро асабонӣ карданӣ шуда “Маҳинахон, чаро дирӯз дар кор набудед” ва ё “Сайфулло се рӯз дар кор набудӣ, ин моҳ маъош намегирӣ” мегуфт. Онҳое, ки табиати шӯхи акаи Юсуфро медонистанд, аз ҳазли ӯ қоҳ-қоҳ зада механдиданд, вале навкорон суханонашро рост пиндошта бо Юсуф баҳсу мунозира мекарданд...
Ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз маргаш бо Юсуф дар боби оилаву оиладорӣ сӯҳбат кардем ва ман ӯро талқин намудам, ки хонадор шавад, чунки бе зан зистани мард бисёр душвор аст. “Худам ҳам дар ҳамин фикрам, худо хоҳад, ҳамин баҳор зан мегирам” гуфт дар ҷавоб бо табассум Юсуф ва хоҳиш кард, ки барояш ягон арӯси хушахлоқ ёбем, вале...
Чашидани шаҳди бахту висол ба ин марди орзупарвар муяссар нагашта,ҷавонмарг шуд.
Юсуф Нормухамедов яке аз кормандони собиқадори ҶММ “Оила” буда, инсони асил, ҷавонмарди дарёдил ва шахси масъулиятшиносу меҳнатқарине буд. Вай ҳамеша вазифаи бар дӯш доштаашро содиқона иҷро мекард, аз ҳамин хотир ном некаш дар дили дӯстону ҳамкорон то абад зиндаву ҷовид хоҳад монд.
Ёдат ба хайр, эй ҷавонмарди нек! Даст ба дуо мебардорем, ки ҷоят ҷаннати ҷовидон ва хонаи охиратат ҳамеша обод бошад!
Аҳли эҷоди Оила ва агентии Тайрон