Юсуф Шоҳи 11-солаи бритонӣ дар санҷиш (тест)-и IQ барои то 11-солаҳо холи максималӣ ҷамъ оварда, бобати интеллект аз Стивен Хокинг ва Алберт Эйнштейн пеш гузашт.
Хешовандонаш ӯро доим хеле боақл мегуфтанд ва як рӯз наврас барои санҷидани дуруст ё нодуруст будани ин суханҳо азм намуд. Дар санҷиши интеллекти худ Юсуф холи рекордӣ ба даст овард. Падару модари ӯ мегӯянд: «Истеъдод ними туст ва ранҷи тӯлонии омӯзиш ними дигар».