Sebiston new 2024 october
ЮЛДУЗ УСМОНОВА "ШОМИ ДӮСТӢ"-РО ШУКӮҲ БАХШИД
1395

“Шоми дӯстӣ” дар Кохи Борбад ба базми осмонкафе табдил ёфт, ки тавсифаш то дергоҳ аз забони мардум нахоҳад рафт.

Дар ин маҳфили зебои ҳунарӣ, ки ба ифтихори сафари расмии Президенти Узбекистон ба Тоҷикистон баргузор гашта, дар он ҳудуди 250 нафар ҳунарманди тоҷик ва ӯзбек ширкат доштанд, сарварони ду давлат-Шавкат Мирзиёев ва пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, аз тамошои ин базми зебова дилфиреби “ширу шакар” як ҷаҳон ҳаловат бурданд.

Дар барнома ҳунармандони машҳури тоҷик ва ӯзбек аз қабили Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Муноҷот Юлчиева, Рамза Усмонова ва гурӯҳҳои рақсии "Ӯзбекистон" ва "Ташкент зеболарӣ" ҳунарнамоӣ карданд. Ба тамошобинон махсусан ҳунарнамоии ситораи №1-и эстрадаи Узбекистон Юлдуз Усмонова писанд омад. Примадоннаи ӯзбек дар назди сарони ду давлат бо таронаи тоҷикии “Биё ҷонам, биё, биё...” баромад намуда, бо садои марғуладори худ аҳли толорро ба по хезонд. Тамошобинони тоҷик ин ҳунарманди нотакрори ӯзбекро бо таҳсину офарин ва кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.

Юлдуз Усмонова тасмим гирифтааст, ки барои ҳаводорони тоҷикистонии худ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ як барномаи алоҳида консертӣ баргузор намояд. Чиптаҳои Консерти Юлдуз дар нимнафас ба фурӯш рафтанд ва интизор меравад, ки ягон ҷойи холӣ дар толори консертӣ боқӣ нахоҳад монд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД