Formula novemver 2024
ЮЛДУЗ УСМОНОВА АЗ ДАМИ МАРГ БАРГАШТ
2523

Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмоноваи 56-сола бемории диққи нафасро паси сар кардааст. Ба гуфтаи овозхон, ҳарорати баданаш баланд шуда, худро бад ҳис кардааст.

 

“Ман бемор будам, аммо воҳима накардам. Чаро бояд мухлисонамро хавотир карда, душманонамро шод кунам? Сахт бемор шудам ва хушбахтона, духтури хуб ба даст афтод. Ин коронавирус не, диққи нафас буд. Духтур тавсия дод, ки бештар ҳаракат кунам, ба об сода илова карда бинӯшам ва пуфак дам кунам. Бояд бигӯям, ки табобат бо пуфакҳо хеле муфид аст. Гиря мекардам ва боз дуо мекардам, ки дар ин ҳолат намирам. Ҳоло ба маросими дафн ҳатто чор нафар ҳам намеоянд. Агар одам аз коронавирус фавтида бошад, ҳатто наздиконашро ба маросими дафн роҳ намедиҳанд.

Барои хушбахт будан, саломатӣ ҳам зарур аст”,-қисса кардааст, овозхон. Усмонова то ин дам аз беморие шикоят намекард, вале сабаби гирифторияш ба диққи нафасро низ нагуфтааст. Қаблан иттилоъ дода будем, ки овозхони 33-солаи ӯзбек Муниса Ризоева ҳамроҳи падару модараш мубталои коронавирус шудааст. Ризоева пас аз қариб ду ҳафтаи табобат хабар додааст, ки ба COVID-19 ғолиб омада, шифо ёфтааст. Овозхон ҳамоно ба мардум тавсия медиҳад, ки тарсро аз худ дур кунанд ва рӯҳбаланд бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД