formula
Язнаам ба ғазаби Худо гирифтор шуду... (Қисми 1)
10.12.2022
ҲИЛОЛА
2177

 

Мегӯянд, вақт ҳама дардҳоро даво мебахшад, шояд…

Аммо хотираҳои талх баъзан ба торҳои ёд нохун мезананду туро ба андеша водор месозанд. Ҳарчанд дардбахши ту ба сад бало печида бошад, аз олам рафта бошад ҳам, ту бо дард ёди он рӯзҳо месозӣ…

                       Хола ба ҷойи модар

Аз рӯзе, ки худро ёд доштам, модарам бемор буд, падарам аз сабаби беморияш ӯро партофта, пайи зани дигар рафта буд. Ман ҳафт сол доштам, ки аҳволи модарам бад шуд, лабонаш каб-кабуд мешуданду беҳуш рӯи фарш меафтид.

Дар ҳама даврони бемории модарам тағою холаам нигаҳбони ману модарам буданд. Баъди рафтани падарам холаам хонаи моро фурӯхта, дар шафати хонааш бароямон хонаи дуҳуҷрагии зебое харид, ману модарам он ҷо зиндагӣ мекардем.

Тағояму янгаам ба нею нестони холаам нигоҳ накарда, ба мо кӯмаки беғаразона мерасониданд. Ман ба синфи як рафтаму рӯзи дуюми ноябр модарам як бало карда, аз ҷояшон хесту хони идона ороста, пайвандонашро ба зодрӯзи ман даъват кард.

Холаам ҳамроҳи шавҳару писараш, тағою янгаам бошанд, ҳамроҳи духтарчаҳояшон омада буданд. Бибию бобоям вафот карда буданд ва холаю тағоям модарамро ба ҷойи модарашон медонистанд. Сари дастархон модарам ба холаам нигариста гуфтанд:

-Шаҳдияҷон, агар ба ман гапе шавад, духтаракамро ба ту месупорам, барояш модар шав, ӯро хонон ва ба шахси дӯстдоштааш ба шавҳар деҳ.

-Апаҷон, диламро хун накунед,- гӯён холаам гирист…

Баъд аз як моҳи ин воқеа модараки дардкашидаи бадбахтам оламро падруд гуфту ман ба хонаи холаам кӯчидам….

                             Ғамбемор

Ҳарчанд дурӣ аз модар азобам медод, вале дар хонаи холаам хушбахттарин кӯдаки дунё будам. Писари холаам Субҳон пушту паноҳам буду намегузошт, ки касе ба рӯям каҷ нигоҳ кунад. Оҳиста-оҳиста қад кашида, ба воя расидам, Субҳонҷон мисли падараш ҷарроҳ шуданӣ буду баъди хатми мактаб ба Маскав хонданӣ рафт, ман бошам, баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шудам. Азбаски холаам солҳои ахир аз дарди дил азият мекашиданд, ман ғоибона мехондаму ба нигоҳубини ӯ машғул будам. Ҳар вақте дардаш хурӯҷ мекард, холаам зор-зор мегиристу мегуфт:

-Худоё, ҳамин қадар умрам деҳ, то ҳамин ятимакамро ба шавҳар дода, васияти апаамро иҷро кунам бас, ба он дунё рафта, ба рӯи апаи сиёҳпичаам чӣ гуна нигоҳ мекарда бошам?

Баръакси холаам язнаам хеле ҷавону бардам менамуданд ва маълум буд, ки бемории занаш ба вай он қадар маъқул нест. Ман кӯшиш мекардам, ки тамоми шароитро барои язнаам фароҳам биёрам то ӯ норизогияшро ба холаи беморам нишон надиҳад. Як рӯз ҳолати холаам бад шуду ӯро ба духтур бурданд, ман ҳамроҳашон дар беморхона мехобидам, баъди се рӯз холаам каме ба худ омада, ба ман гуфт, ки ба хона рафта, сару рӯятро шӯй, каме дам гир ва баъд агар хоҳӣ, рӯзи дигар биё, кошки намерафтам…

                         Номусулмон

Ман ба хона рафта, хонаҳоро тозаю тамиз кардаму барои шом хӯрок пухта, сару танамро шустам ва хостам ба беморхон равам, вале язнаам аз кор баргашта гуфт, ки барои холаат аз тарабхона хӯрок бурдам, имруз ту дам гир. Ҳамроҳи язнаам дукаса ғизои шом хӯрдем, ӯ назди телевизор нишасту ман, ки сахт монда шуда будам, ба хонаи хобам гузаштам. Намедонам аз шаб чӣ қадар гузашта буд, ки аз болоям вазниниеро эҳсос карда, дод зада, аз хобам хестам. Язнаи палидам он шаб домони маро ғайри хоҳиши худам доғдор кард, шахсе, ки ман ӯро падар мехондам, бароям ин беимониро раво дид. Ман мегиристаму ин барзагов бошад, бо хандаи талх гуфт:

-Ранҷа мо кашида, ниҳол парвариш кунему шаҳдаша дигарон чашанд?! Дунё ба сарам гардон шуд, ҳатто даст ба худкушӣ заданӣ шудам, вале боз ҷон ширинӣ кард.

Рӯзи дигар бемориямро баҳона карда, ба дидори холаам нарафтам, зеро худамро гунаҳгор медонистам. Язнаам бошад, бегоҳ аз кор баргашта, маро ба оғӯш гирифта, бӯсиду гуфт:

-Майдача, холаатро фардо ҷавоб медиҳанд, агар мурданашро нахоҳӣ, дар бораи он шаб ҳарфе назан!

Дигар бо он ифлос дар як хона нишастанро ба худам эб надида, ба беморхона рафтаму шабро ҳамроҳи холаам рӯз кардам. Ба саволҳои бешумори ӯ дар бораи ранги кандааму овози гирифтаам чизе нагуфтам, метарсидам, ки холаам аз шунидани ин хабари шум дилкаф нашавад.

                           Бесоҳиб

Чун холаамро аз беморхона ҷавоб доданд, як дугонаи модарам барои писараш маро хостгорӣ омад. Писараш корманди милиса будааст.

-Ман низ писаракамро мисли раҳматии Фотима бе падар калон кардам. Мехоҳам риштаи тақдири ду ятимакро ба ҳам пайваста, дар сояи давлаташон худам роҳат бинам,-гуфт бо ашк модари домодшаванда. Холаам занро хуб мешинохтааст, зуд розӣ шуд, вале язнаам:

-Наход духтарро ба як беваи фаррош диҳӣ,- гӯён моҷаро бардошт...

                                                (Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД