sebiston july new
Ятимов ба сегонаи дарвозабонҳои қиммати Осиё ворид шуд
188

Тибқи арзёбии пойгоҳи Transfermart, арзиши дарвозабони дастаи миллии футболи Тоҷикистон ва “Истиқлол”-и Душанбе Рустам Ятимов то ба 1,2 милён евро афзоиш ёфтааст.

Ба навиштаи ин пойгоҳ, баъди ин Ятимов бо дарвозабони дастаи миллии Эрон Алиризо Бейранванда ва ҳамчунин Кейсуке Осако ва Даниэл Шмидт баробар шуд.

Ҳамин тавр ба таърихи 21-уми феврали соли 2024 Рустам Ятимов дар байни ҳамаи дарвозабонҳои осиёӣ аз рӯйи арзиш пас аз Мэтю Райани австралиягӣ ва Ёхей Такаокаи ҷопонӣ (1,5 милён евро) қарор гирифт.

Рустам Ятимов ҳамчунин ба даҳгонаи гаронарзиштарин футболбозони Осиёи Марказӣ ворид шуд. Дар садри радабандӣ Бахтиёр Зайнуддинов (6 милён евро) қарор дошта, ҷои дуюмро Элдор Шомуродов ва Аббос Файзуллоеви узбакистонӣ (5 милён евро) касб кардаанд.

Қобили зикр аст, ки барои аввалин бор дар таърих футболбози тоҷик беш аз 1 милён евро арзёбӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД