formula feb 2025
Ятимбача ҳуқуқи ошиқ шудан надорад?
10.03.2025
ЁДГОР
1073

Салом! Ман як ҷавони ошиқ, мехоҳам қиссаи ишқамро ба хонандагони азиз нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Ман ятимбача ҳастам. Падару модарам ҳанӯз замони кӯдакиам ин дунёи бевафоро падруд гуфта, маро бобою бибам ба воя расонидаанд.

Азоби ятимиро танҳо касе дарк мекунад, ки заҳри талхи сағерагиро чашидааст. Падару модар, ки надоштам, мудом гапшунав будам ва барои он ки нонамро ҳалол карда хӯрам, баъди дарс дар бозор ба савдогарон ёрӣ дода, як сум-ним суми додаи онҳоро оварда ба дасти бобою бибиам медодам.

Бо ҳамин минвол мактабро хатм кардам ва бо дониши худам ба донишгоҳ дохил шудам. Аслан дар хаёли ишқу ошиқӣ набудам, аммо дар курси дуюм тири нигоҳи як духтари зебо диламро пора карда, ошиқи шайдояш гаштам. Духтарак аввалҳо ба ман аҳамият намедод, вале баъдтар шуълаи ишқ дар дили ӯ ҳам аланга зад. Бо ҳам паймон бастем, ки баъди хатми донишгоҳ риштаи тақдирамонро мепайвандем, аммо...

Падари духтари дӯстдоштаам раиси кадом як корхонаи калон будааст. Вақте имсол ба хонаашон бобою бибии пирамро ба хостгорӣ фиристодам, ятим будани маро фаҳмида, падари духтар гуфтааст, ки пояшонро баробари кӯрпаашон дароз кунанд.

Чанд каси дигарро восита кардем, аммо волидони дӯстдоштаам танҳо як гапро такрор карда, “мо духтарамонро ба ким-кадом як сағераи пойлуч намедиҳем” мегӯянд.

Ҳарчанд кӯшиш мекунам, ишқи он паричеҳраро аз дилам берун карда наметавонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Магар ятимбача ҳуқуқи ошиқ шудан надорад?

ЁДГОР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД