Ба муносибати Соли нав дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе аз дирӯз - 21-уми декабр ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввал оғоз ёфта, то санаи 31-уми декабр сокинон метавонанд намудҳои гуногуни маҳсулоти хӯрокаро бо нархи дастрас пайдо намоянд.
Ярмаркаҳо дар суроғаҳои зерин ташкил шудаанд:
- Бозори “Меҳргон”, дар қисми чапи таваққуфгоҳи назди бозор.
- Дар назди бинои МИҲД-и ноҳияи Сино.
- Дар назди бозори “Саховат”.
- Дар боғи “Куруши Кабир”.