Маҳсулоти лозима:
Қаймоқ – 200 грам
Ширқиём – 200 грам
Какао – 1 қошуқ
Тарзи таҳия:
Дар зарф қаймоқ, ширқиём ва какаоро якҷоя карда, бо миксер лат мезанем. Пасон, рӯйи зарфро бо сарпӯш маҳкам мекунем ва дар яхдон муддати 5 соат нигоҳ медорем. Баъд аз он дар зарфҳои яхмосгирӣ гирифта, рӯяшро бо писта ё шоколад оро медиҳем.