Бо оғози фасли тобистон дили кас барои яхмос гум мезанад. Азбаски имсол якбора нарху нави тамоми маҳсулот ба осмони ҳафтум дакка хӯрд, яхмос низ қимат шуда, на ҳама имконият доранд, ки ҳар рӯз барои тамоми аъзои оилаашон яхмос бихаранд.
Аз ҳамин хотир мо қарор ддем тарзи тайёр кардани яхмси хонагрио ба шумо ёд диҳем.
Маҳсулоти лозима:
400 мл шир, 2 қошуқ какао, 70 г шакар, 50 г шири хушк, 1 қошуқ оҳари картошка (крахмал), 1 қошуқ ванилин, шоколад.
Тарзи таҳия:
Дар зарфе хокаи какаоро бо шакар ва шир омезиш дода, ширро кам-кам илова кунеду дар болои оташ то ҷӯшиданаш кофта истед. Шири хушкро илова карда, кофтанро давом диҳед. Дар зарфи алоҳида оҳарро бо 40 мл шири хунук ҳал кунонед. Ҳамин ки шири шоколаддор ба ҷӯш омад, ба он оҳари ҳалшударо илова кунед. Маҳлулро дар оташи паст ба ҷӯшидан дарореду дар яхдон хунук кунонед.
Шоколадро дар буғ об карда, яхмосро дар он ҷӯлонед.