Маҳсулоти лозима:
250 мл шир, 50 грамм шакар, 2 тухм, 50 грамм чормағз.
Тарзи таҳия:
Зардиҳои тухмро бо ними шакар лат зада, каме шир ҳам илова кунед. Шири боқимондаро бо шакар ҷӯшонида, ба он зардиҳои латзадаи тухмро андохта, беист кофтан гиреду дар болои оташ ҷӯшонида, баъдан хунук кунонед ва пучоқи резаи лимӯ андозед. Чормағзро аз турбтарош гузаронида, ба яхмос илова кунеду дар охир сафедиҳои латзадаи тухмро андохта, оҳиста ҳамаашро аралаш карда, ба яхдон гузоред.