arzon replenishment
Яке аз ҳафт муъҷизаи нави ҷаҳон
25.07.2024
ОИЛА.ТҶ
612

Дар маркази шаҳри қадимии Майя, Чичен-Итса ​(нимҷазираи Юкатан, Мексика) иншооти нодир - пирамидаи Кукулкан мавҷуд аст. Сохтори он сайёҳон ва олимони самтҳои гуногун - аз таърихшиносон то астрономҳоро ба ҳаяҷон меорад.

Пирамида дар асрҳои 9-12 сохта шуда, андозаҳои дақиқ дорад: ҳар як тарафаш 55,3 метр аст. Барои ба қулла, ба даромадгоҳи маъбад баромадан, лозим меояд қад-қади яке аз зинапояҳое, ки дар кунҷи 45° сохта шудаанд, расо 91 қадам гузоред. Шумораи умумии қадамҳо дар чор тарафи пирамида 364 адад аст.

Пирамидаи Кукулкан соли 1988 ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардида, Чичен Итса дар соли 2007 яке аз ҳафт муъҷизаи нави ҷаҳон номида шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД