goodwell
Як ширкати Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳи барқӣ-офтобӣ месозад
83

Як ширкати Чин тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи офтобӣ бунёд намояд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, масъулини вазорат бо намояндагони ширкати чинии "China Energy Overseas Investment Co., Ltd." лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи офтобиро бо иқтидори 200 МВт дар шимоли кишвар аллакай баррасӣ намудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин лоиҳа зимни мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далери Ҷумъа бо ноиби президенти ширкати чинӣ Ли Яҳун мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо назари худро дар боби ҳамкориҳои оянда дар соҳаи энергетика бо таваҷҷуҳи хоса ба дурнамои татбиқи лоиҳаи нерӯгоҳи барқӣ изҳор доштаанд.

Намояндагони Тоҷикистон ва ширкати «China Energy» омодагии худро барои идомаи музокирот ва тақвияти шарикӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи муштарак тасдиқ намудаанд, аммо санаи дақиқи оғози корҳои сохтмонӣ ва ҳаҷми пешбинишудаи сармоягузорӣ ҳанӯз эълон нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД