Formula novemver 2024
Як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ аз шаурма заҳролуд шудаанд
1732

Дар шаҳри Маскав як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ баъди хӯрдани шаурма заҳролуд шудаанд. Дар ин бора Lenta.ru ва дигар расонаҳои русӣ хабар додаанд.

“Дар шаҳри Москва муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври оммавӣ заҳролуд шудаанд. Ҳамаи заҳролудшудагон аз як нуқтаи шаурмафурӯшӣ шаурма харидаанд”,- навиштааст Telegram-канали Mash.

Тибқи хабарҳои нашршуда ҳадди ақал 15 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ баъди харидани шаурма аз як нуқтаи шаурмафурӯшии кӯчагӣ дар шимоли пойтахт заҳролуд шуда, ба беморхона афтодаанд.

Ба иттилои РБК, Кумитаи тафтишотии Россия дар робита ба заҳролудшавии муҳоҷирони меҳнатӣ нисбати соҳибони нуқтаи шаурмафурӯшӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар Иркутск зиёда аз 20 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ баъди хӯрдани хӯрок дар як бар заҳролуд шуда буданд. Табибон вазъи саломатии заҳролудшудагонро, ки дар байнашон як зани ҳомиладор низ буд, вазнин арзёбӣ намуда буданд. Фаъолияти он нуқтаи савдо баъди заҳролудшавии мизоҷон манъ карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД