Бино ба гузориши Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент, як шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми саёҳат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворӯ, деҳаи Ворӯ, аз кӯҳ лағжида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Баъди дарёфти хабар, гурӯҳи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд дар водии Зарафшон, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ ва сардори шуъба ва афсари калони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент ба самти ҷамоати деҳоти Ворӯ сафарбар шудаанд.
Наҷотдиҳандагон пас аз тай кардани роҳҳои душворгузари ағбаи Чимтарға шахси маҷрӯҳро тибқи координатаҳои ҳамсафарон муайян ва пайдо кардаанд.
Ҷабрдида як сокини 44-солаи шаҳри Екатиренбурги Федератсияи Русия буда, ҳангоми лағжиш аз баландӣ пойашро шикастааст. Ба ӯ дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалияи тиббӣ расонида шудааст.
Сипас, санаи 10-уми сентябри соли 2025 ҷабрдидаро бо истифода аз замбари махсуси тиббӣ ва аз роҳҳои душворгузар, ки ҳаракат дар онҳо мушкил аст, ба деҳаи Ворӯ интиқол дода, баъдан дар беморхонаи шаҳри Панҷекент бистарӣ кардаанд. Айни замон саломатии шаҳрванд таҳти назорати табибон қарор дорад.
КҲФ ба ҳамаи сайёҳон, ки мехоҳанд дар кӯҳҳои минтақаи Зарафшон гардишгарӣ кунанд, огоҳӣ додааст:
- Аввалан ҳангоми кӯҳбароӣ ва гардиш дар водӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунед.
- Ҳамеша бо худ таҷҳизоти кумакрасон дошта бошед, то дар ҳолати пеш омадани ин ё он ҳодиса аз он истифода намоед.
- Пеш аз оғози сафар ба кӯҳ, хатсайри худро бо мақомоти марбута ҳамоҳанг созед.
- Дар ҳолати рух додани ин ё он ҳодисаи нохуш, ҳатман бо телефонҳои +992 93 880 28 74, +992 92 979 06 07 дар тамос шавед.