Саломи худро ба кулли хонандагони ҳафтанома мерасонам. Ҳафтаи гузашта дар рубрикаи “Навиштам номае” номаи хонандаи “Оила”-ро таҳти унвони “Язнаам аз духтардор шуданаш ношукрӣ карду...” мутолиа намуда, атрофи ин мавзуъ бетараф истода натавонистам.
Ман модари серфарзанд, соҳиби набераву абера ҳастам, пастиву баландиҳои зиндагиро зиёд дидаам, оилаҳоеро медонам, ки панҷ писар доранду дар дами пирӣ волидонашон хору зор ҳастанд. Дар баробари ин, духтаронеро медонам, ки аз сад писар беҳтару хубтаранд, ҳам саводи хуб доранду ҳам ахлоқи нек ва зиндагиро аз сад мард беҳтар саришта мекунанд.
Духтаронеро медонам, ки волидонашонро дар дами пирӣ хеле хуб нигоҳубин мекунанду нисбаташон меҳрубонанд. Нафарони калонсоле, ки ин нуқтаи назари маро мутолиа мекунанд, бояд иқрор шаванд, ки духтаронашон назар ба писарҳо нисбати эшон меҳрубонтаранд.
Ҳатто дар ҳадисҳои мубораки Расули Акрам омадааст: «Ҳар кӣ фарзанди духтар ёбад ва барояш эҳсон кунад, он духтар дар қиёмат сипари оташи ӯ шавад.” Хубиву эҳсони падару модар ба фарзанд аз тарбияи хуб вобаста аст. Ҳар марди нодоне, ки аз тавлиди духтар ғамгин шуда ба зани худ зулм мекунад, дар дами пирӣ хору зор мегардад. Бовар кунед, ман чунин ҳолатҳоро зиёд дидаам.
Моҳшарифи 74-сола.