toyota motors
Як бағал лолаҳои сиёҳ... (ҚИСМИ 4)
546

Лутфи Худои меҳрубон

Дарёи зиндагӣ дар маҷрои худ равон буду Боғигул низ кӯшиш мекард, то шиновари хуб бошад. Аз чизе камӣ надошт, хуб мехӯрду хуб мепӯшид, як тоҷикдухтар аз деҳаи дурдасти Тоҷикистон дар маркази Маскав хонаи зебову барҳавое дошт. Қомати шамшод, кокулони заминрӯб, чашму абрӯвони дилангези ӯ дили сад мардро мерабуданд, аммо ӯ хомӯш буд, аз мардон ҳазар мекард.

Як субҳ нав ба қабули беморон оғоз карда буд, ки Хадича ва Шамил вориди утоқаш шуданд. Мард аз хурсандӣ ҳама урфу одати мусулмониро як тараф гузошта, ӯро оғӯш кашида, бӯсаборон мекард, шодии Хадича ҳадду канор надошт. Маълум шуд, ки баъди понздаҳ соли интизориҳо дар қади ӯ кӯдак пайдо шудааст. Ҳомилагии ин ҷуфти хушбахт зери назари Боғигул сурат гирифт ва бо гузаштани муҳлати муайян онҳо соҳиби дугоник шуданд. Шамил ба ҷону ҳоли Боғигул намонда, аз ӯ орзуи амалӣ нашудаашро фаҳмидан мехост, инро ба марди хушбахт на Боғигул, балки Ҳалима гуфт. Хоҳаршӯяш зиёд мехост дар Душанбе хона дошта бошад. Шамил ба Боғигул сюрпириз карда, бо ёрии бародарони ӯ дар як бинои навсохти маркази Душанбе барояш хона харид. Бори аввал баъди шикастанҳо, баъди понздаҳ сол Боғигул ба Ватан баргашт…

Подоши амал

Тобистон буду духтараш, ки дар синфи ҳашт мехонд, ба таътил баромада буд. Ӯ се моҳро дар Ватан гузаронид. Падару модараш се моҳ бо ӯ буданд. Онҳо гумон мекарданд, ки Беназир духтари Ғаниҷон аст, ки бо аммааш зиндагӣ мекунад. Бинобар ин, суоле пайдо нашуд. Беназир дар як муддати кӯтоҳ аз ҳисоби ҳамсояҳо дугонаву дӯст пайдо кард. Дили Боғигул низ аз тамошои зебоиҳои Ватан пурсурур гашт. Дар Ватан ӯро хотираҳо боз ба панҷаи худ гирифтанду ба хотири духтараш, ки барояш бебаҳо буд, ба суроғи падари ӯ рафт. Зангҳои пай дар пайи ӯ ҷавобе надоштанд. Дарвозаро касе накушод. Пас аз чанде аз дарвозаи ҳамсоя зане берун омаду гуфт:

- Ба шумо кӣ даркор?

- Ба ман… Комил…

- Комил шаш сол пеш дар садамаи нақлиётӣ фавтид, модараш то чилрӯзагии писараш аз дунё гузашт, падараш зани ҷавон гирифта Русия рафт, ин ҳавлиро ба духтарашон доданд. Ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Амрико рафту хонаро фурӯхт. Соҳибони ин хона ҳам дар хориҷаанд ва ман онро нигоҳбонӣ мекунам.

Боғигул боз пурсид:

- Оё Комил зану фарзанд дошт?

- Не, Комил бадмасти гузаро буд. Ба ӯ кӣ духтар медод?

Боғигул бо зан хайрухуш карда, ба хонааш баргашт. Аз ин воқеа солҳо гузашт. Инак Беназир дар курси дуввуми Донишгоҳи тиббии Маскав мехонад. Онҳо барои пешвоз гирифтани Наврӯз ба Ватан омадаанд. Чанд бор духтараш аз ӯ дар бораи падараш пурсид, вале Боғигул хомӯш буд, акнун тасмим гирифт, ки имрӯз қиссаи лолаҳои сиёҳро ба духтараш нақл мекунад.

Қазоват аз ӯст, ки чӣ гуна қабул мекунад…

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД