formula feb 2025
Як қатор масъалаҳои кишоварзӣ дар ҷаласаи муштарак баррасӣ шуданд
04.03.2025
Oila.tj
235

Таҳти роҳбарии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва вазири кишоварзии Федератсияи Россия Лут Оксана Николаевна ҷаласаи муштараки мушовараи вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федертсияи Россия доир гардид.

Бино ба иттилои Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

- Дар ҷаласаи мушовараи муштараки вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федертсияи Россия як қатор масъалаҳои умда, аз ҷумла рафти татбиқи Харитаи роҳ миёни вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои солҳои 2023-2025 ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти савдои мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, воридоти тухмии навъи элитаи зироатҳои кишоварзӣ, содироти моҳӣ, аз ҷумла гулмоҳӣ, воридоти тухмии лаблабуи қанд ва лаблабуи хӯроки чорво, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи назорати байторӣ ва фитосанитарӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани вазъи муътадили фитосанитарӣ ва эпизоотикӣ дар қаламрави ду кишвар ва сари вақт огаҳ намудани пайдоиши бемориҳои сироятии сарҳадгузар, ҳамкорӣ дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ, такмили ихтисоси намояндагони соҳаи тухмипарварӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии Федератсияи Россия, ҳамкорӣ дар соҳаи обёрӣ, тадқиқоти инфраструктураи мавҷудаи комплекси мелиоративӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муштарак оид ба азнавсозии иншооти обрасонӣ баррасӣ гардиданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД