Нуралӣ Қодиров чандин сол боз дар Муассисаи давлатии шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат табобат мегирад ва дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунад.
Аслан маризон дар ин даргоҳ муддати 6 моҳ табобат гирифта, баъдан ба хона ҷавоб дода мешаванд. Беморони бе касу кӯеро, ки парастор надоранд, маъмурияти муассиса ҳуҷҷатҳояшонро тахт карда, баъди шаш моҳ онҳоро ба хонаҳои мӯйсафедон мегузаронанд, вале...
Синну соли Нуралӣ Қодиров ба домони 60 дакка хӯрда бошад ҳам, хонаву дар надорад. Аз ҳамин сабаб маъмурияти муассиса аз рӯйи дилсӯзӣ чанд сол боз ӯро дар ин даргоҳ нигоҳ медоранд.
“Ман бемории қанд дорам. Пойҳоям варам карда, зардоб мегиранд, барои ҳамин кор карда наметавонам. Дили роҳбарияти муассиса ба ҳоли мани бехонаву бехонумон сӯхта, аз сари раҳму шафқат маро ин ҷо нигоҳ дошта истодаанд. Шукр, шароиташ хуб аст, мо, маризонро бо 3 вақт хӯроки гарм таъмин намуда, хеле хуб нигоҳубин мекунанд, вале охир ман як умр дар ин даргоҳ монда наметавонам. Дар бисотам ҳамагӣ як духтар дорам, ки дар Белорусия таҳсил мекунад. Чандин сол шуд, ки духтарамро надидааму дилам барояш гум мезанад. Мехоҳам ба назди фарзадам рафта, аз дидори ӯ сер шавам, вале барои харидани чиптаи ҳавопаймо маблағ надорам”-гуфт акаи Нуралӣ зимни суҳбат бо сомонаи “Оила”.
Ба гуфтаи ӯ, арзиши роҳкиро то Белорусия тахминан 5-6 ҳазор сомонӣ мебошад. Ӯ бо умед ба сомонаи “Оила” муроҷиат намуд, ки шояд шахсони хайрхоҳ аз сари раҳму шафқат ба ӯ дасти ёрӣ дароз карда, барои расидан ба дидори фарзандаш кӯмак расонанд.
Аз идора: Шахсоне, ки ба ин марди мариз ёрӣ расонидан мехоҳанд, метавонанд хайри худро ба корти рақами 976 200 007 590 3467 (Душанбе сити) гузаронанд.