Sebiston new 2024 october
ЯГОНА АКТЁРЕ, КИ АЗ ДУХТАРОН МЕГУРЕЗАД
06.09.2020
Р. Азимӣ
2619

 Даричаи ошноӣ:

Озан Чобаноғлу 6-феврали соли 1980 дар шаҳри Қаршӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, соли 2004 Институти миллии Туркияро бо сари баланд хатм намудааст. Озан аз овони хурдсолиаш мухлиси ду актёри машҳури ҷаҳон Арнолд Шварсенегер ва Чак Норес буд. Зиёд ба ҳунармандон ва филмҳо таваҷҷуҳ доштанаш оқибат риштаи тақдири Озанро бо кино пайваст. Озан Чобаноғлу аз соли 2005 инҷониб дар театри давлатии Анқара фаъолият дорад ва дар чандин сериалҳои машҳур нақш бозидааст.

            Тоҳири бахткушо
Озан Чобаноғлу-ин ном шояд барои бисёриҳо ноошно бошад, аммо бо шунидани исми Тоҳир аз сериали «Пайроҳаи тақдир » ҳама гӯшу ҳуш мешаванд. Озан ҳамон Тоҳирест, ки дар “Пайроҳаи тақдир ” бар зидди ноадолатиҳо мубориза мебарад. Дар филмҳои зиёд нақши асосиро бозида бошад ҳам, танҳо Тоҳир аз силсилафилми «Пайроҳаи тақдир» ба Озан бахту шуҳрат овард. Нақши духтури мубориз Тоҳир он қадар муассир ва ҷаззоб баромад, ки натанҳо дар Туркия, балки дар Аврупо низ тамошобинони зираку хӯрдагир ба маҳорати баланди актёрқоил шуда, пеши ҳунари Озан Чобаноғлу сари таъзим фуруд оварданд. Тоҳир обрӯ ва нуфузи актёрро баланд бардошта дар сар то сари дунё номи Озан Чобаноғлуро машҳур кард.

               Зинаҳои шӯҳрат
Пас аз «Пайроҳаи тақдир» Озан Чобаноғлу дар чандин филмҳои дигар нақшҳои марказиро бозидааст. «Тақдири хоҳарон» (Судбы сестёр). «Баъди борон» (После дождя), «Панҷ ченак» (Пятое измерение), «Вохӯрии тақдирсоз» (Большая встреча) ва «Олами асрор» (Мир секретов) аз ҳамин силсилаанд. “Намехоҳам миёни нақшҳои офаридаам фарқ гузорам, чунки дар ҳар як филм ман аз таҳти дил заҳмат мекашаму меҳнат мекунам. Андеша, афкор, ҳолату дунёи ботинии каси дигарро дар экран таҷассум намудан дар назари аввал осон менамояд, вале дар асл кори саҳл нест. Характер ва симои барҷастаю хотирмон офаридан аз актёр маҳорат ва қувваи зиёдро талаб менамояд. Хушбахтона ман бо сари баланд аз уҳдаи ин кор баромадам ” гуфтааст Озан Чобаноғлу дар як мусоҳибааш ба журналистон.
Озан аз пешаи интихобкардааш розист. Аз ҳар як филм вай як ҷаҳон маънӣ мебардорад ва дар баробари бо забони қаҳрамонҳояш ба мардум сабақи зиндагӣ омӯзонидан худаш низ панди наве аз ҳаёт мегирад.

    Ишқ ва издивоҷ
Пас аз филми “Баъди борон ” мухлисони Озан Чобаноғлу чунон зиёд шуданд, ки бечора ҷавон намедонист аз дасти духтарони ошиқ, ки ҳамеша аз пасаш кашола мешуданд, куҷо гурезад. Дар ана ҳамин айёми ҳассос Айелга ном духтараки соҳибҷамоле дили ин домоди орзуҳои ҳазорон-ҳазор зебосанамро ба даст овард. Озани шуҳратёр бо ҷону дил ба ин духтараки фариштарӯ, вале бисёр хоксору ҷиддӣ ошиқ шуда, мекӯшид дилашро ба даст оварад. Паричеҳраҳои шаҳрӣ аз паси Озан медавиданду Озан шабҳоро бо хаёли духтараки деҳотӣ Айелга бо орзуҳои ширин саҳар мекард. Дар як сол онҳо ҳамдигаро ҳамагӣ се ё чор маротиба дида метавонистанду халос, чунки Озан дар шаҳри Ќарши буду Айелга дар Измир. Роҳ, ки дур буд, дилдодагон танҳо бо воситаи Интернет суҳбат мекарданд. Билохира, ин суҳбатҳои интернетӣ риштаи тақдири Озанро бо Айелгаи фариштарӯ пайваст. Тӯйи домоди шуҳратёр Озан Чобаноғлу бо иштироки машҳуртарин чеҳраҳои шоу-бизнеси Туркия, сиёсатмадорон, адибону журналистон ва дигар чеҳраҳои намоёни кишвар бо шукуҳу шаҳомат гузашт. Имрӯз Озан бо ҳамсараш хушбахт аст ва зиндагиашонро писарчаашон Мерат рангу бӯйи тоза бахшидааст.

Озан чиро дӯст медорад?
Машғулияти дӯстдоштаи ин ҷавони машҳур оббозӣ аст. Вақти холӣ ёбад, ҳатман ба сауна меравад, чунки сауна ба пӯсти бадани инсон таъсири хуб расонда, одамро аз синну солаш ҷавон нишон медиҳад. Спорт яке аз шуғлҳои писандидаи Озан Чобаноғлу мебошад, вай дар як ҳафта се маротиба ба толори варзишӣ рафта, машқи бадан мекунад. Озан аз ҳамсолону ҳамкасбонаш хеле ҷавон менамояд. Вақте ки аз вай сирри ҷавону ботароват монданашро пурсиданд, гуфтааст:
-Арақ наменӯшам, сигор намекашам, кӯшиш мекунам, ки гӯштро камтар хӯрам ва аз хоб сер шавам. Ҳамааш ҳамин! Дигар сирри баҷоӣ надорам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД