Formula novemver 2024
ЯҲЁ ПИСАРИ КИСТ? ШАҲЛО Ё ШАҲРИЁР ДАВЛАТОВ
6521

 

Яҳёҷон Давлатов, писари 5-солаи овозхони ҷавони тоҷик Шаҳриёр Давлатов ҳамроҳи модараш Шаҳло Давлатова клиптаронаи муштараки худро бо номи “Ғарибӣ” пешниҳоди ҳаводоронашон намуданд.

То имрӯз се қисми клип сабт ва нашр шуда, гуфта мешавад, ки он идома дорад. Қисми аввали клипро дар шабакаи YouTube зиёда аз 1,3 миллион, қисми дувуми онро зиёда аз 800 ҳазор ва қисми севуми клипро давоми як ҳафтаи нашраш ҳудуди 400 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Корбарони Интернет ба маҳорати овозхонии Давлатови хурдӣ баҳои баланд дода, аз оне ки мавзӯи доғи рӯз, яъне ғарибиро интихоб кардааст, изҳори миннатдорӣ намудаанд. Ин нахустин кори эҷодии Яҳёҷон Давлатов мебошад ва модараш мегӯяд, пеш аз сабт тайи як ҳафта ҳамроҳаш машқи овоз кардаанд.

“Барои дар оянда давом додани ин кораш ман розиям ва ҳар кӯмаке лозим бошад, дареғ намедорам. Аммо ихтиёр дар дасти худаш аст”,-мегӯяд, Шаҳло Давлатова ва розӣ аст, ки фарзандаш дар оянда овозхони касбӣ бишавад. Яҳёҷон Давлатов бошад, аз ҳоло тасмим гирифтааст, ки ин корашро дар оянда низ давом медиҳад ва мисли Баҳодур Ҷӯраев шудан мехоҳад.

Шаҳло Давлатова собиқ ҳамсари Шаҳриёр Давлатов мебошад, ки чанд сол қабл бо сабабҳои ба мо номаълум аз ҳам ҷудо шуда буданд. Онҳо аз издивоҷи худ соҳиби як фарзанд-Яҳёҷон мебошанд, ки ҳарду ҳам дар тарбияаш саҳм доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД