“Роскомнадзор” эълон кардааст, ки муқобили WhatsApp чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ менамояд, зеро ин шабака ба нақзи қонунҳои Русия идома медиҳад.
"Аз ин мессенҷер барои ҷалби омилон барои ташкил ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳо муқобили шаҳрвандон истифода мешавад",- хабар медиҳад хадамоти матбуоти ин ниҳод.
“Роскомнадзор” ҳушдор додааст, ки агар мессенҷер ба талаботи қонун риоя накунад, дар Русия комилан баста мешавад.
Ба мардум тавсия дода шудааст, ки аз шабакаҳои маҳаллӣ истифода баранд.