arzon replenishment
Вуруди мошинҳо аз Суғд ба Душанбе манъ шуд!
769


Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои қарори хоса вуруди мошинҳои мусофиркаш ва боркашро аз самти вилояти Суғд ба пойтахт манъ кард.

Дар ин бора Ҷамшед Олимзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ додааст.
Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе шурӯъ аз 21-уми октябр тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва боз аз ин терминал, ки дар дармадгоҳи шимолии пойтахт бунёд ёфтааст, мусофир гирифта ба самти вилояти Суғд бармегарданд.
Ин муқаррарот ба мошинҳои калонҳаҷм низ дахл дорад ва минбаъд онҳо низ наметавонанд вориди Душанбе гарданд.
Сабаби иқдоми мазкурро Ҷамшед Олимзода кам кардани тамбашавии мошинҳо дар даромадгоҳи Душанбе намид.
Тибқи қарори нави раиси шаҳри Душанбе, ҳамчунин, нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии №52, №19 ва хатсайрҳои автобусии №3, №29 ва №41 аз терминали “Маром” ба терминали “Чорбоғ” иваз карда шудааст.
Дар робита ба ин, шаҳрдории Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин, ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хоҳиш мекунад, ки минбаъд аз хидматрасонии терминали “Чорбоғ” истифода намоянд.
Ёдрасмешавем, ки қаблан мошинҳои мусофирбари самти вилояти Суғд бо мусофирони худ вориди шаҳр мешуданд ва дар аксар ҳолатҳо мусофирони хешро то ба манзил мерасонданд. Ҳангоми бозгашт, онҳо аз терминали “Маром”, воқеъ дар наздикии корхонаи “Сементи тоҷик” мусофир мегирифтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД