Sebiston new 2024 october
Вопасин дидор Қисми 1
1898

 Диловар дар кор буд. Занаш ба телефони мобилиаш беист занг мезад, охир ҳоли хушдоманаш якбора вазнин шуда ӯро бо мошини ёрии таьчилӣ ба бемористон бурданд. Кампир дар утоки эҳё беҳушу беёд хоб аст.

Қасд кардагӣ барин Диловар телефонашро намебардошт, чунки онро бе овоз монда, ба мачлис даромада буд. Замира зор- зор мегирист. Оқибат телефони маьмурияти коргоҳи шавҳарашро кофта ёфту занг зад:

-Ассалому алейкум. Бубахшед ба мудири шӯъбаи тиҷорат Диловар расонед, ки модарашон дар беморхона аст. Фавран расида биёяд.

Диловар баьди шунидани ин хабар сахт ғамгин шуду осемасар ба мошин савор шуда роҳи беморхонаро пеш гирифт.

Дар роҳрави беморхона духтури навбатдор гуфт, ки мумкин нест ба утоки эҳё даромадан. Ҳоло модаратон беҳуш аст.

Диловар беист мегирист. Метарсид, ки модараш мемираду бахшиш нопурсида мемонад. Як умр азоби виҷдон кашидан намехост.

Сабаби бо модар дилозориаш ишқи аввалаш буд.

Диловар ҳангоми дар донишгоҳ таҳсил карданаш бо Нисо ном ҳамсабақаш муносибати ошиқона дошту аз модар хоҳиш кард ки ӯро барояш хостгорӣ намояд. Падари Диловар аз модараш ҷудо шуда, зани дигар гирифта буд ва Гулнора хотири писари ягонааш роҳи хонаи волидони Нисоро пеш гирифт.

Духтар бешармона бо куртаи тангу кӯтаҳ, бе поҷома ба наздаш баромада салом дод ва баланд хандида гуфт :

-Хола, писаратон современный, худатон қишлоқӣ-ку!

-Ҳо, духтарам, ман зодаи деҳотам ва бо ин фарх мекунам,-базӯр қаҳру ғазабашро дошта, ҷавоб дод Гулнора.

-Биёед ҳамроҳ акс бигирем, то дар Инстаграм монам. Менависам, ки ин хушдоманҷонам.

-Не, ҳаргиз,-Гулнора дасти духтари бешарму ҳаёро тела доду ҳатто хайру хуш накарда, бо ғазаб баромада рафт.

Дар роҳ зери лаб мегуфт :” Ишқи ин балои охирзамона аз дили писари ман бадар кун, худоҷон. Диловар худаша кушад ҳам, манин духтарро келин намекунам.Ин оянда сари писари маро хам мекунад.”

хххххх

Диловар бо модараш ҷанг карда мегуфт, ки агар дигар духтарро ба ман диҳед, дар болояш Нисоро зани дуюм карда мегирам, вале Гулнора ба таҳдидҳои писараш нигоҳ накарда, зеботарини духтари деҳат худашонро келин кард. Замира бисёр духтари боодоб ва парӣ барин зебою ҳунарманд буд ва Гулнора умед дошт, ки чунин чӯҷаи париро ба оғӯш гирифта,писараш Нисоро аз ёд мебарорад, вале...

Гулнораю келинаш мисли модару духтар шуданд, аммо Диловар ба арӯсаш заррае меҳр надошт ва ҳамоно бо Нисо муносибаташро давом медод.

Диловар хонаеро иҷора гиирфта, Нисоро пинҳонӣ ба никоҳаш даровард, вале ин духтари беҳаё бо як марди дигар низ ишқварзӣ мекард. Ошиқаш пир бошад ҳам, марди вазифадор ва серпул буду барояш хонаи пурҷиҳозе харида дод. Онҳо дар ҳамон хона вохӯрда, ишқварзӣ мекарданд, вале Диловари сода ғофил аз найгарнгҳои ин зани шаттоҳаш ҳар моҳ маошашро оварда ба дасти Нисо медод ва тамоми ёфту тофташро ба ин мори заҳрнок сарф мекард, чунки ӯро аз ҷонаш бештар дӯст медошт...

ххххххх

Гулнора дар беморхона ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор карда, зиндагиро худаш пеш мебурд. Ба муносибати сарди писараш бо арӯс нигариста зиқ мешуд. Борҳо писарашро насиҳат карда, зорӣ намуд, ки аз ин роҳи хато баргардад, чунки Замира беҳтарин зан асту Нисо ба нохуни пойи вай намеарзад, вале Диловар гӯши пандшунав надошт. Гулнора аз дил мегузаронд, ки шояд баъди бачадор шудан дили писараш ба занаш гарм мешавад, аммо тавлиди тифл низ Диловарро меҳрубон нагардонд. Баъди ба дунё омадани духтарчааш низ вай думболи Нисо мегашт..

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД