Минбаъд волидайни хонандагоне, ки фарзандашон бе сабабҳои узрнок дар як чоряки соли хониш зиёда аз 50 соат ба дарс намеояд, дар ҳаҷми то 864 сомонӣ ҷарима карда мешаванд. Ин ҷазо дар тағйироте, ки ба наздикӣ дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд, таъин гардидааст.
Тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 90-и кодекси мазкур, “барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 50 соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, ба андозаи аз 10 то 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад”.
Бояд гуфт, ки ҳоло арзиши 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 72 сомонӣ баробар аст ва тибқи ин тартиб минбаъд волидони хонандагони дарсгурез аз 720 то 864 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Агар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран ҳолати дарсгурезӣ ба қайд гирифта шавад, нисбати волидайнашон аз 2 160 то 2 520 сомонӣ ҷарима таъин мегардад.