goodwell
Волидайн дар сурати озори фарзанд ба куҷо муроҷиат кунанд?
19.07.2026
Oila.tj
36

Қазияи латукӯби як кӯдаки хурдсол дар кӯдакистони №12-и шаҳри Душанбе, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд чанде пеш пурсарусадо гардида буд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, нисбати мураббие, ки ба кӯдак даст бардоштааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, роҳбари кӯдакистон низ барои назорати нокифоя аз вазифа барканор шудааст. 

Навори шаппотӣ задани кӯдаки хурдсол аз ҷониби корманди кӯдакистони №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе моҳи майи соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, вокуниши шадиди ҷомеаро ба бор овард. Бисёриҳо талаб карданд, ки нисбати гунаҳкорон чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм муовини вазир Равшан Каримзода гуфт, ки гурӯҳи кории вазорат баъди омӯзиши наворҳо муайян кардааст, ки сухан танҳо дар бораи як ҳодисаи ҷудогона намеравад.

«Дар ҳақиқат, латукӯб буд. Як ҳолат набуд, чандин мавридҳо буд» – изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи масъулон, мураббии асосӣ дар рухсатӣ қарор дошта, вазифаи ӯро ёрдамчии мураббӣ иҷро мекардааст. Маҳз ҳамин корманд нисбати кӯдакон муносибати дағалона нишон додааст.

Додситонии шаҳри Душанбе нисбати Адиба Ашурова, ёрдамчии мураббии кӯдакистон, бо моддаи 174-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон –«Иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғ» парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Тибқи қонун, барои чунин амал ҷарима то 78 ҳазор сомонӣ, корҳои ҳатмӣ аз 200 то 240 соат ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, роҳбари муассисаи томактабӣ низ барои ба таври кофӣ назорат накардани фаъолияти кормандон аз вазифа озод карда шудааст.

Зӯроварӣ тарбия нест!

Равоншиносон ва мутахассисони соҳаи кӯдак солҳо боз таъкид мекунанд, ки истифодаи зӯрӣ нисбат ба кӯдак ҳеҷ гоҳ воситаи тарбия буда наметавонад. Баръакс, латукӯб, дашном ва таҳқир ба саломатии рӯҳӣ ва равонии кӯдак осеби ҷиддӣ мерасонад. Кӯдак метавонад тарсу ҳарос, нооромӣ, бовар накардан ба калонсолон ва ҳатто мушкилоти дарозмуддати равонӣ пайдо кунад.

Аз ин рӯ, ҳар як ҳолати истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон бояд ҷиддӣ баррасӣ шавад.

Бисёре аз волидон намедонанд, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ бояд кунанд. Коршиносон тавсия медиҳанд, ки ҳодисаро пинҳон накунанд ва барои ҳифзи ҳуқуқи фарзандашон ҳатман чора бинанд.

Дар сурати гумон ё исбот шудани латукӯб ё муносибати таҳқиромез нисбат ба кӯдак, волидон метавонанд ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рақами боварӣ +992 (37) 227-76-86 муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД