Дирӯз, 30-юми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки дар он як хонандаи мактаб бе ҳушу бе ёд дар рӯйи замин хобида, дар атрофаш одамони зиёде ҷамъ шудаанд. Дар шарҳи навор гуфта мешуд, ки писарбачаи дар рӯйи замин беҳушу бе ёд хобида Меҳмед Бозоров, хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои ноҳияи Левакант буда, рӯзи 6-уми сентябр аз сӯи як омӯзгор аз пушти сараш зарбаи сахт хӯрда, беҳуш шудааст.
Волидони мактаббача дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки писарашон аз ҷониби омӯзгор Фарҳод Назаров мавриди латукӯб қарор гирифта, майнаи сараш сахт осеб дидааст ва 15 рӯз дар беморхона бистарӣ буд. Худи хонанда сабаби моҷароро нақл карда, гуфтааст, ки ҳамон рӯз мехост дар вақти танаффус барои қалам равад ва сухани омӯзгорро нашунида, дари синфхонаро пӯшид. Маҳз ҳамин чиз боиси хашми омӯзгор шуд ва ӯ ба пушти сараш бо зарба зад.
“Вақте ба худ омадам, дидам, ки дар беморхона бистарӣ ҳастам”,- нақл кардааст Меҳмед Бозоров, аммо...
Масъулини шуъбаи маорифи Левакант дар вокуниши расмӣ навори мазкурро шарҳ дода, гуфтаанд, ки ҳодиса рӯзи 6-уми сентябр дар мактаби №4-и деҳаи Боҳтуробод рух дода, омӯзгор Фарҳод Назаров баъди рафтори номуносиб ва гапгардонии хонандаи синфи 11 Меҳмед Бозоров худро идора карда натавониста, ба рӯйи хонанда як шаппотӣ задааст. Хонанда барои “пуштибонӣ” амакаш Бозоров Ҷамолро ба мактаб даъват кардааст ва вақти ба амакаш асли ҳодисаро нақл кардан аз ҳуш рафтааст.
“Амаки хонанда Бозоров Ҷамол, ки худ корманди тиб аст, ҳолати аз ҳуш рафтани хонандаро сабти видеоӣ карда, расонаӣ намудааст. Баъдан хонандаро ба беморхонаи марказии шаҳри Левакант бурдаанд. Таҳлилгоҳи марказии вилоятии "Акси шифо" чунин натиҷа додааст, ки хонанда ягон осеби ҷиддӣ надорад ва сари ӯ сиҳату саломат аст”,- омадааст дар вокуниши бахши маориф.
Гуфта мешавад, ки Меҳмед Бозоров 6 рӯз дар беморхона бистарӣ буд ва табибон вазъи ӯро хуб арзёбӣ карда, рухсат додаанд, вале модараш “ба гуфтаҳои табибон бовар накарда, иддао намудааст, ки писараш пурра табобат карда шавад” ва хонанда боз 7 рӯзи дигар бистарӣ гардидааст.
Бахши маорифи Левакант таъкид кардааст, ки омӯзгор тамоми хароҷоти табобатро пардохт намудааст ва айни ҳол хонанда пурра саломат буда, дар дарсҳо иштирок дорад.
Масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки аз ҷузъиёти ҳодисаи мазкур пурра огоҳанд ва бо омӯзгор ва волидайни хонанда суҳбат кардаанд.
“Фарҳод Назаров омӯзгори ҷавон аст, ӯ набояд ба хушунат роҳ медод, вале хонанда ҳам беэҳтиромӣ кардааст. Гуноҳ аз ду ҷониб аст”,- гуфтанд аз вазорат.
Айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз пайи таҳқиқи ин қазия ҳастанд.