Имрӯз, 29-уми ноябр дар Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” дар доираи барномаи машҳури “Хати зиндагӣ” вохӯрии нависандаи шинохтаи тоҷик Абдулҳамид Самад бо донишҷӯёни курси 4-уми факултети журналистикаи ДМТ баргузор гардидааст.
Гуфта мешавад, ки меҳмони барнома Абдулҳамид Самад, муаллифи китобҳои машҳур, аз ҷумла “Парончакҳо”, ки ба ҳаёти ҷавонон ва донишҷӯён бахшида шудааст, дар бораи роҳе, ки ӯро ба адабиёт ва муваффақиятҳои касбиаш расонд, нақл кардааст. Дар суханронии худ ӯ бештар ба аҳамияти таҳсил, худогоҳии ҷавонон ва нақши илму адабиёт дар тарбияи онҳо таваҷҷуҳ намудааст.
Дар рафти барнома донишҷӯён бо саволҳои гуногун аз таҷрибаи шахсии муаллиф, нозукиҳои эҷод ва мушкилиҳои раванди нависандагӣ пурсон шудаанд. Абдулҳамид Самад ба ҳар як савол посухи амиқ ва пурмазмун додааст.
Дар интиҳо, донишҷӯён аз имконияти шиносоӣ бо фаъолияти телевизиони “Сафина” ва барномаҳои он изҳори хушнудӣ карда, ин ташрифро як иқдоми муҳим барои рушди худ дар журналистика донистаанд.