Arzon march 2024
Вохӯрӣ бо палонҷ Қисми 2
01.10.2022
ҲИЛОЛА
2151

Роҳ ба сӯйи тиҷорат

Чун духтару писараш калон шуданду ба донишгоҳ дохил шуданд, Шаҳло ба тиҷорат рӯ овард, акнун ӯ ба хориҷа сафар карда, аз он ҷо дорувориҳои камёфту либосҳои тиббӣ меовард ва чанд дӯкон низ кушод. Ҳикмат дар зинаҳои мансаб боло равад ҳам, “ман ҳамагӣ се ҳазор сомонӣ маош мегирам, дузду порахӯр нестам” гӯён, ба зиндагии оилавӣ тамоман бепарво буд. Шаҳло, ки акнун роҳи пул кор карданро медонисту муҳтоҷи касе набуд, ба шавҳараш чизе намегуфт. Духтару писарашро хононда, соҳибмаълумот кард, Нозияро ба шавҳар доду падараш як тин сарф накард, боз Шаҳлоро сарзаниш мекард, ки барои духтараш ҷиҳози зиёд мехарад. Шаҳло хомӯш аз пайи кору бори худаш буд, ин қадар серкор буд, ки ҳатто бо шавҳари хасисаш вақти баҳс кардан надошт. Шавҳараш пули ёфтаашро барои худаш сар карда, костюмҳои қимматбаҳо мехариду зери пояш мошини зебои хориҷӣ мерафту меомад, боз мегуфт, ки пул надорад. Шаҳло ба ӯ кор надошт, Ҳикмат оҳиста-оҳиста аз меҳрубонию хушсуханӣ ҳам тавба кардагӣ барин, мисли як бегона ба зани нозанинаш муносибат мекард. Нозия соҳиби дугоник шуду ташвишҳои модар боз зиёдтар гардиданд, зеро ӯ дур аз хусуру хушдоманаш мезист ва ба маслиҳат ниёз дошт. Акнун як пойи Шаҳло дар хона бошад, пойи дигараш дар хонаи духтараш буд, парвои бегонагиҳои ҳамсараш надошт. Шаҳло ҳам “дигар пир шудаем, ғами фарзандонро бояд хӯрд” гуфта, пушти корҳои худ овара буд, то он даме, ки…

                        Вохӯрӣ бо палонҷ

Чун сухан дар бори зангирии писараш Давлат мерафт, Ҳикмат мегуфт, ки ман як духтари рафиқамро зери чашм кардааму вақташ расад, рафта мебинед. Ҳарчанд Шаҳло ҳавасҳои дигар дошт, вале ба зангирии писараш таваҷҷуҳ кардани шавҳараш ӯро хурсанд кард ва ҳамроҳи ӯ барои дидани келин рафт. Бо камоли хурсандӣ хостгории онҳоро қабул намудани тарафи арӯс табъашро болида сохту аз пайи тӯй шуд. Барои келинаш қатор-қатор сару либосу зару зевар харида, дастархонҳои зебо ороста, ба хонаи қудояш мерафт. Бо гузаштани маъракаҳои гуногун рӯзи тӯй ҳам маълум шуду Шаҳло тӯйи бошукӯҳе ороста, келинашро ба хонааш овард. Ҳикмат чун ҳарвақта ба занаш маблағи ночизе медод барои харҷи тӯй гуфта, вале Шаҳло ҳар чӣ дилаш мехост мекард.

Арӯсро ба хона оварданду нафаси осуда кашиданд, Шаҳло барои баровардани мондагиҳои тӯй ба «Баҳористон» дамгирӣ рафт. Аз Ҳикмат хост, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад, вале ҳамсараш чун ҳарвақта баҳона кофт. Шаҳло ду рӯз аз утоқи зисташ набаромада, фақат дармон қабул карду хобид, танҳо рӯзи сеюм берун баромад. Зери сӯҳбаткадаи нақшин ҷавонзани сабзинаи лоғарандом нишаста, аз телефонаш чизеро медид ва Шаҳло рафта, дар паҳлӯи ӯ нишаст. Бо Чаман ҳамон лаҳза шиносу ҳамроз гаштанд, рӯзи дигар ҳар ду ба сайругашт баромаданду дар бораи ҳам маълумот гирифтанд. Шаҳло дар бори худашу фарзандону шавҳараш нақл кард, Чаман бошад, оҳи вазнине кашида гуфт, ки ман зани дуюмам. Аз никоҳи пешин як духтарча дорам, шавҳари ҳозираам хеле меҳрубон асту зани аввалаш бемори бистарист. Дар Хуҷанд апаам зиндагӣ мекунад, ман ба ҳамсарам нагуфтам, ки ба «Баҳористон» меравам, вагарна намегузошт омадан, хеле бадрашк аст. Хонаи апаам омадаму духтарамро он ҷо гузошта, худам дамгирӣ омадам. Чаман ба Шаҳло сурати шавҳарашро нишон доду як лаҳза ӯ лол монд. Охир аз экрани телефон ба ӯ ҳамсараш менигарист, ки нимбараҳна болои диване дар оғӯшаш Чаман…

Шаҳло худашро ба зӯр дошту ҳамон шаб ба хонааш баргашта, аз Ҳикмат талоқашро талаб кард, вале мард пинакашро вайрон накарда гуфт:

-Ман зани талоқ мекардагӣ надорам! Хаёл накун, ки хонаву дару фарзандонамро ба ту монда, аз пушти як беваи сарқоқ меравам, гирифтам, гирифтам, баъд чӣ?!

Инак, як моҳ мешавад, ки Шаҳло ғамбемор аст ва намедонад ин масъалаи дар зиндагияш пайдошударо чӣ гуна даво бахшад…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД