arzon replenishment
Воҳид Мирзоев: Беэҳтиётии модарон боиси бемор шудани кӯдакон дар тобистон мегардад
395

Чаро маҳз дар фасли тобистон кӯдакон бештар ба дарунрав гирифтор мешаванд?

Вақте ки кӯдак дарунрав мешавад, модар бояд чӣ кор кунад?

Дарунрав чанд намуд мешавад ва чӣ хатарҳо дорад?

Ба кӯдаки бемор мева ва обҳои газнок додан мумкин аст?

Барои пешгирии бемориҳои рӯдаву меъда чӣ бояд кард?

Имрӯзҳо шумораи зиёди кӯдакон аз дарунрав, дизентерия ва дигар бемориҳои сироятии рӯдаву меъда азоб мекашанд. Ба мақсади пешгирии сироятёбии кӯдакони дигар ва кӯмак ба волидоне, ки фарзандашон бемор аст, мо бо табиби кӯдаконаи Маркази тиббии “Шифобахш” Воҳид Мирзоев дар боби дарунравии кӯдакон ва роҳҳои пешгирию табобати он сӯҳбати судманде оростем.

- Аввалан мегуфтед, ки чаро маҳз дар фасли тобистон бештари кӯдакон тез-тез ба дарунрав гирифтор мешаванд?

- Дар тобистон меваю сабзавоти тару тоза бисёр аст. Аксари модарон ба гигиенаи шахсии фарзандонашон чандон аҳамият намедиҳанд. Аксаран кӯдакон бо дастҳои ношуста меваю сабзавот ва дигар хӯрданиҳоро истеъмол намуда, аз бемориҳои гуногуни рӯдаву меъда сироят меёбанд.

- Бемориҳои меъдаву рӯда чанд намуд мешаванд ва чӣ нишонаҳо доранд?

- Бемориҳои меъдаву рӯда намудҳои гуногун доранд, вале бештар кӯдакон аз ротавирусҳо сироят ёфта, ба дарунрав гирифтор мешаванд. Бемории дигаре, ки дар фасли тобистон авҷ мегирад, ин дизентерия ё исҳоли хунин мебошад. Нишонаҳои асосии бемориҳои сироятии меъдаву рӯда дар кӯдакон ин дарунравӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва баланд шудани ҳарорати бадан, яъне таб кардани кӯдак мебошад. Фарқият дар он аст, ки вақте кӯдак ба дизентерия гирифтор мешавад, дар ахлоташ хун ва парда ба назар мерасад.

- Вақте ки кӯдак ба дарунрав гирифтор мешавад, модар бояд чӣ кор кунад?

- Ёрии аввалини тиббиро ҳангоми дарунрав ба кӯдак бояд модар расонад. Пеш аз ҳама ба кӯдак ҳарчӣ бештар об нӯшондан лозим аст, то ки оби баданаш хушк шуда, бо мушкили беобшавии организм рӯ ба рӯ нагардад. Одатан кӯдаконе, ки ба дарунрав гирифтор шудаанд, аз иштиҳо мемонанд ва ҳатто об нӯшидан намехоҳанд, вале модар бояд бо кадом роҳе, ки набошад, ба кӯдак тез-тез об нӯшондан гирад. Кӯдак қай мекарда бошад, бо қошуқ кам-кам об додан лозим аст. Модарон бояд дар хотир дошта бошанд, ки беобшавии организм ниҳоят хатарнок буда, оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонад.

- Бе иҷозати духтур ба кӯдак дору додан мумкин аст?

- Модар метавонад танҳо доруҳои пасткунандаи табро ҳангоми баланд шудани ҳарорати баданаш ба кӯдак диҳад, дигар ягон доруро бе иҷозати духтур ба кӯдак додан мумкин нест. Вақте ки кӯдак бемор мешавад, ӯро ба назди табиби оилавӣ ё духтури кӯдаконаи маҳалли зисти худ бурдан лозим аст. Табиб ҳолати кӯдакро санҷида, баъдан муолиҷа мефармояд. Беморӣ сабук бошад, дар хона табобат мекунанд, вале ҳолати кӯдак вазнин бошад, барои дар беморхона бистарӣ кардан роҳхат менависанд.

- Дар кадом ҳолатҳо ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задан лозим аст?

- Шиками кӯдак дар як рӯз чандин маротиба рафта, беҳолу бемадор шавад, тез-тез қай кунад ва таббаш нафарояд, дар ин ҳолат волидон бояд ҳатман ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зананд ё кӯдакро ба беморхонаи касалиҳои сироятии кӯдакона баранд.

- Ба кӯдаки бемор чӣ додан мумкин асту аз чӣ бояд парҳез кунад?

- Ин ба синну соли кӯдак вобаста аст. Тифли ширхора бошад, беҳтарин ғизо дар давраи беморӣ ин шири модар аст, вале калонтар бошад, аз хӯрокҳои равғанӣ парҳез намуда, бештар хӯрданиҳои серғизо додан лозим аст, то ки иммунитети кӯдак пурқувват шуда, бо беморӣ мубориза бурда тавонад. Ба кӯдакони ба бемории рӯдаву меъда гирифторшуда то шифо ёфтан додани тарбузу харбуза, обҳои газнок аз қабили “арси-кола”, “пепси”, “фанта”, “лимонад” ва мевагӣ манъ аст.  

- Барои пешгирии беморӣ чӣ бояд кард?

- Дарунрав бемории сироятӣ буда, аз кӯдаки бемор ба одамони солими дар атрофаш буда гузашта метавонад, бинобар ин, ҷойи хоби кӯдакро ҷудо кардан лозим аст. Косаю қошуқ ва пиёлаи кӯдаки бемор бояд ҷудо бошад. Модар бояд назорат барад, ки кӯдак реҷаи бистариро риоя кунад. Табби кӯдакро дар як рӯз чанд маротиба санҷида, тез-тез об нӯшондан лозим аст. Бемориҳои сироятии меъдаву рӯда дар натиҷаи бозӣ кардани кӯдакони солим бо кӯдаки бемор дар боғчаи бачагона, кӯча ва хона мегузаранд, бинобар ин, модарон бояд аз сироятёбӣ эҳтиёт бошанд. Дастони фарзандонашонро дар як рӯз чанд маротиба шуста, ба гигиенаи шахсӣ риоя намоянд. Меваю сабзавотро дар зери оби равон нағз шуста, баъд ба кӯдакон диҳанд. Назорат баранд, ки кӯдакон оби хунук ва ноҷӯшида нахӯранд. Хӯрданиҳои дар яхдон гузошташударо гарм карда, баъд ба кӯдакон додан лозим аст. Дар фасли тобистон хӯрок зуд вайрон мешавад, бинобар ин, беҳтар аст, ки барои кӯдакон модар ҳар рӯз хӯроки тоза пазад. Аз тарбузу харбуза ва меваҳо низ эҳтиёт шудан лозим аст, чунки бештар кӯдакон маҳз баъди хӯрдани ин ё он мева ба дарунрав гирифтор мешаванд.

- Барои тавсияҳои муфид як ҷаҳон ташаккур!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД