КВД “Обу корези Душанбе” ба хотири пешгирии норасоии оби нӯшокӣ дар пойтахт аз сокинони шаҳр хоҳиш кардааст, ки дар мубориза бо норасоии об ёрӣ расонанд.
Ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукиаш ба унвони сокинони пойтахт муроҷиатномае нашр намудааст, ки дар он гуфта мешавад:
- Дар ҳолати мушоҳида намудани истифодаи ғайриқонунии об, аз қабили гузоштани тарбузу харбуза дар зери оби нӯшокӣ бо мақсади хунуккунонӣ, шустани мошин ва гилему қолинҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ ҳатман ба рақамҳои зерин занг занед: 222-20-18, 222-20-51.