Sebiston new 2024 october
ВМКБ: ШИКОЯТИ СОКИНОН АЗ РЕҶАИ БАРҚ ВА ПОСУХИ МАСЪУЛИНИ СОҲА
1935

Иқлими имсола нисбати ҳамин давраи солҳои пеш хунук ба назар расида, боиси ба вуҷуд овардани як қатор мушкилиҳо дар соҳаҳои мухталиф гардидааст. Бо реҷаи муайян таъмин намудани сокинони минтақаҳои ҳудуди вилоят бо неруи барқ боиси он гардидааст, ки як гурӯҳи сокинони вилоят аз номуътадилии таъмини неруи барқ шикоят мекунанд.

Боиси тазаккур аст, ки корхонаи калонтарини саноатии ВМКБ Ширкати барқии Помир Энерҷӣ дар давоми беш аз 19 соли фаъолияти худ барои таъмини аҳолӣ, ҳатто дурдасттарин манотики вилоят бо барк, корхои зиедеро сомон додаст. Неругоҳи барқии обии Помир1 калонтарин ширкати тавлидотии неруи барқ дар вилоят ба ҳисоб рафта, зиёда аз 60 фисади таъминоти аҳолии вилоятро бо неруи хушсифати барқро ба ӯҳда дорад.

Ин нерӯгоҳ дар мавзеъи деҳаи Танги ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон воқеъ буда, муддати чанд сол тавассути оби дарёи Ғунд барқро истеҳсол намуда, муштариёни худро аз дастрасӣ ба рушноӣ ва гармӣ таъмин менамояд. Ба гуфтаи мутахасисони ин ширкат бар асари сармои шадиди зимистони имсола ва ях бастани манбаъи асосии таминоти оби Яшикул, ки сардии ҳарорати ҳаво дар ин минтақа ба 50 дараҷаи зерсифр баробар шуда, боиси ба мушкилот ру ба ру шудани неругоҳ гардид. Ба ин далел маъмурияти ширкат тасмим гирифт, ки таъминоти ахолии вилоятро бо неруи барқ тавассути речаи интиколи барқ ба роҳ монад.

Аз рӯи гуфти мутахасисони соҳа идомаи сардиҳои зимистону баҳори имсол сабаби асосии паст фаромадани сатҳи об дар рудхонаи Ғунд ба ҳисоб меравад. Ин омил боис шудааст, ки то ҳол ин иллати табиӣ эҳсос гардида, дар таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ дар деҳаҳо тавассути реҷа амалӣ карда мешавад. Аз рӯи гуфти мутахасисон гарчанде моҳи дуюми фасли баҳор фаро расида бошад, аммо хунукии боду ҳаво ҳамоно эҳсос гардида, хавзи танзими шабонарӯзии нерӯгоҳ аз меъёрӣ муқаррарӣ хеле кам шудааст.

Кормандон лозим мешуморанд, ки то мутадил гардидани боду ҳаво ва гарм шудани иқлим речаи неруи барқ боқӣ хоҳад монд.

Хангоми боздид аз фаъолияти дастгоҳои истеҳсоли барқ маълум шуд, ки дар неругоҳи барқии Помир1 чаҳор дастгоҳи истеҳсоли барқ мавчуд буда, ҳар яки он бо тавоноии 7 ҳазор кловат соат буда, дар маҷмӯъ 28 ҳазор киловат соат неруи барқро истехсол менамояд. Аз рўи гуфти Ёдгор Кодирқулов, ки масъули асосии бинои дастгоҳҳои барқистехсолкунӣ мебошад. Нарасидани миқддори зарурии об барои ба кор андохтани дучархаҳои барктавлидкунӣ боис шудааст, ки неругоҳ бо тавоноии пурра ба кор андохта нашудааст.

Мавсуф ҳамчунин фарзияҳо дар атрофи корношоям будани дастгоҳои бартавлидкуниро рад намуда, таъкид дошт, ки танҳо нарасидани об сабаби асосии ҷори намудани реҷа барои муштариёни ширкат ба ҳисоб меравад. Кормандони ширкати барқии Помир-энерҷӣ умед доранд, ки бо гарм шудани боду ҳаво мушкилии мавчудбуда, бартараф шуда, сокинони деҳаҳои ҳудуди вилоят пурра бидуни реҷа бо барқи хушсифат таъмин хоханд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД