Sebiston new 2024 october
ВКД кушторҳои ваҳшиёнаи Конибодомро шарҳ дод
574

Ба вуқуъ пайвастани як силсила кушторҳои ваҳшиёна дар шаҳри Конибодом сарусадоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Ин кушторҳои даҳшатбор, ки бо бераҳмии махсус содир гашта, ҷони 17 нафарро рабуданд, боиси пайдо шудани ҳангомаҳои зиёде гаштаанд.

Аксарият бар он назаранд, ки дар Конибодом “маняк” пайдо шудааст ва ашхоси номаълум ба рӯяшон ниқоб кашида, шабона ба хонаҳои мардум медароянду бо бераҳмии махсус аъзои хонаводаро ба қатл мерасонанд.

Мақомот то кунун ин қазияро шарҳ надода буданд, вале имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ин қазияро шарҳ дод.

Дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj Фирӯза Сатторӣ дар мавриди он ки оё дар занҷираи кушторҳои ваҳшиёна дар Конибодом сарнахе пайдо шудааст ё не, Аламшозода Абдураҳмон Аламшо гуфт: “Аз чанд ҳодисаи нохуши кушторҳои бераҳмона, ки дар Конибодом рӯй доданд, алакай 3 куштор ба пуррагӣ ошкор шудааст. 2 ҳолаташ кушторҳои оилавӣ ҳастанд. Куштори Шариповҳо ва Умаровҳо дар пайи моҷароҳои оилавӣ сар задаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ дар марҳилаи ба суд ирсол гаштан қарор доранд. Вобаста ба ду куштори ахир дар оилаи Ахмедовҳо ва Ибрагимовҳо бошад, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҳам аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар он ҷо кор карда истодаанд. Ба хотири фош накардани сирри тафтишот айни замон мо ба пуррагӣ дар ин масъала ахборот дода наметавонем. Парвандаҳои ҷиноятӣ ҳаматарафа ҳаллу фасл карда шаванд, баъдан дар ин бора як гузориши муфассал пешниҳод менамоем. Фақат ҳаминро мегӯям, ки ягон ҷойи ҳангома ва тарсу ваҳму воҳима нест. Инҳо кушторҳои муқаррарӣ ҳастанд”.

Дар идомаи суханаш Аламшозода Абдураҳмон Аламшо гуфт, ки шахсан худаш ду маротиба ба Конибодом сафар намуда, дар ин масъала бо мардум суҳбати рӯ ба рӯ оростааст ва ягон ҷойи нигаронӣ нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД