ВКД фолбинону сеҳру ҷодугаронро ба рӯихати махсус ворид мекунад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хурофотпарастӣ, фолбинӣ, сеҳру ҷоду ва дигар кирдорҳои мардумфиребӣ махзани махсуси маълумот таъсис додааст.
Тибқи иттилои ВКД, дар ин махзан ному насаби фолбинон, сеҳру ҷодугарон, нимчамуллоҳои дайду, фоҳишаҳо, мизоҷон ва наздикони онҳо, нашъамандон ва дигар шахсони ба чунин амалҳо алоқаманд ворид карда мешаванд.
Дар эълони вазорат гуфта мешавад, ки ин афрод зери назорати доимӣ қарор гирифта, дар сурати дархости сохторҳои дахлдор маълумот дар бораи онҳо пешниҳод карда мешавад.
ВКД аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз чунин шахсон дурӣ ҷӯянд, то ба қайдҳои махсус ворид нашуда, ба гуфтаи вазорат, номи худро дар назди фарзандон доғдор накунанд.