Соли 2025 дар ҷумҳурӣ 7 ҳодисаи куштори занон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус дирӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд.
Дар маҷмуъ соли гузашта дар ҷумҳурӣ 23 448 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 77,99%-и ҷиноятҳо кушода шудаанд.
Тавре вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни баромади хеш гуфт: “Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 74 ҳодисаи куштор ва сӯйқасд ба куштор, 49 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 32 ҷинояти роҳзанӣ, 86 ҳолати таҷовуз ба номус ва 9 ҳодисаи одамрабоӣ рӯй додааст”.