Arzon march 2024
Вижагиҳои Наврӯз дар Тоҷикистон
21.03.2025
Oila.tj
121

Сомонаи Oila.tj кулли шумо - ҳадиёрони азизро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз сидқан муборакбод гуфта, бароятон сарсабзию шукуфоӣ мехоҳад.

Наврӯз ҷашни миллӣ ва аҷдодии тоҷикон аст ваонро дар гӯшаву канорҳои гуногун ба таври мухталиф ҷашн мегиранд. Азбаски дар кишвари мо дар баробари тоҷикон, ҳамчунин ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо ва намояндагони дигар халқу миллатҳо зиндагӣ мекунанд, қарор додем дар бораи Наврӯзро чи тавр таҷлил намудани ақалиятҳои Тоҷикистон ба шумо каме маълумотдиҳем.

Ҳамасола Наврӯзи оламафрӯзро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-ум то охири моҳи март ҷашн мегиранд, зеро ин иди тоҷикони ҷаҳон ва ҷашни аҷдодии мо аз омадани баҳор мужда медиҳад. Бо омадани Наврӯз табиат зинда шуда, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ ба торикӣ, ҳаракат ба оромӣ ғалаба мекунад ва марди деҳқон бо умед ба замин донаи ризқ мепошад.  

Наврӯз ҳамчун ҷашни фарруху хусравонӣ дар сарзамини аҷдодии мо арзи ҳастӣ намуда, решаҳои он аз устураҳои ориёӣ сарчашма мегирад. Дар тамоми минтақаи Тоҷикистон хонаву дар, курпаю палоси худро шустаю тоза карда, барои Наврӯз омодаги мебинанд ва баъзе аз онҳо баболои боми хона орд, яъне сафедӣ мепошанд.

Дар Наврӯз ҳама бо орзуҳои нек хони наврӯзӣ ороста, онро бо ҳафтсину ҳафтшин оро медиҳанд, суманак мепазанд, гандумкӯча мекунанд...

Ҷавонон бо бозиҳои наврӯзӣ аз қабили гӯштин, бандакашӣ ва хурӯсҷанг машғул мешаванд.

Дар вилояти Суғд дар Наврӯз маросими гулгардонӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Занон ва духтаронлибосҳои миллии рангоранг пӯшида, бо табассум ва шодӣ гулҳоро ба дӯстону хешовандон тақдим менамоянд. Одатан кӯдакон низ дар ин маросим фаъолона иштирокнамуда, бо суруду рақсҳои наврӯзӣ фазоро идона мегардонанд. Гулгардонӣ ҳамчунин рамзи дӯстӣ, ваҳдат ва самимият аст. Одамон бо тақдими гул дар соли навиаҷдодиямон ба ҳамдигар орзуҳои нек ва барору комёбӣ таманно менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД