Sebiston new 2024 october
Визаи Амрико ваъда карда, корд ба гулӯяшон гузоштанд
539

Қувваҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки гаравгон афтода буданд, аз асорат озод намудаанд. Онҳоро дар шаҳри Теҳрон гаравгон гирифта, бар ивази озодиашон пули калон талаб карда буданд...

Ба кормандони мақомоти қудратии Эрон муяссар гаштааст, ки 5 нафар одамрабоёнро дастгир намуда, 4 гаравгонро, ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, озод намоянд. Дар рафти амалиёт 2 нафар одамрабоён кушта шудаанд.

Тавре сардори пулиси иктишофӣ (разведка)-и Эрон генерал Алӣ Валипур Гударзӣ иттилоъ додааст, одамрабоён бо фиреб зодагони Тоҷикистонро ба доми худ афтонда, ваъда додаанд, ки барои ба Аврупо ва аз он ҷо ба Амрико рафтанашон ёрӣ медиҳанд, вале баъдан ҳамаашонро гаравгон гирифта, бар ивази озодиашон пули калон талаб кардаанд.

Кормандони пулиси Эрон тавонистаанд шоми 14-уми август маконеро, ки одамрабоён гаравгонҳоро он ҷо нигоҳ медоштанд, пайдо намуда, ҳамаи бандиҳои тоҷикро озод созанд. Дар рафти амалиёт яке аз одамрабоён, ки кордро ба гулӯи як гаравгони тоҷик монда, таҳдиди куштан мекард, аз ҷониби кормандони пулиси Эрон кушта шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари гаравгонгирӣ ва аз ҷониби пулиси Эрон озод карда шудани 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ намуда, номи шахсони гаравгон афтодаро низ ифшо намудааст. Инҳо Абдураҳмонов Х. Х., Бозоров А. А., Назаров Х. А. ва Ғайратзода А. Н. мебошанд. Одамрабоён ба номбурдагон ваъда додаанд, ки барои гирифтани визаи Амрико кумак мерасонанд, вале пас аз он ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон сафар кардаанд, онҳоро гаравгон гирифта, бар ивази озодиашон пули калон талаб кардаанд.

Дар робита бо ин ҳодиса Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишварамон хоҳиш мекунанд, ки ба ҳар хел эълонҳои шубҳаноки дар интернет мавҷуд буда дар боби расонидани ёрӣ дар гирифтани визаи корӣ ба Аврупою Амрико ва муҳоҷират ба кишварҳои дигари хориҷӣ бовар накунанд, зеро аксари чунин эълонҳо макру фиреб буда, хатари афтодан ба доми ғуломӣ ва фоҷиаҳои дигарро дар пай доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД