Arzon march 2024
ВИТАМИНҲОЕ, КИ ПӮСТ ДӮСТ МЕДОРАД
1309

Зебову дилрабо будан мехоҳед? Бештар «витаминҳои зебоӣ» истеъмол кунед!

Витамини А

Витамини А (ретинол) ва провитамини он (каротин) дар азнавшавии пӯст нақши асосиро мебозанд. Ин ду модда намии пӯстро нигоҳ дошта, монеи хушкшавии он мегарданд ва дар натиҷа пўст аз чинҳои бармаҳал эмин мемонад. Маҳсулоти дорои витаммини А: ҷигар, маҳсулоти ширӣ, зардии тухм, сабзӣ, каду, қаланфури сурх, помидор, ғулинг, мандарин, афлесун, ҷаъфарӣ ва шибит.

Витамини В12

Витамини В12 (рибофлавин) дар зебоии пӯст нақши муҳим мебозад. Бар асари норасоии ин витамин ранги пӯст коҳида дар атрофи лаб лаҷомак пайдо мешавад лабҳо кафида хуншор мегарданд. Умуман, пӯстпартоии бадан аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷисми шумо аз витамини В12 танқисӣ мекашад.

Маҳсулоти дорои витамини В12: шир ва маҳсулоти ширӣ (хусусан ҷурғот, панир, қаймоқ, саршир), гӯшти беравған, ҷигар, зардии тухм, замбуруғ, хамитуруши нонпазӣ.

Витамини С

Витамини С антиоксиданти табиӣ ба шумор рафта, ҷараёни пиршавии пӯстро ба таъхир мегузорад. Ҷавҳари аскорбин ташаккулёбии сафедаи махсусро, ки онро коллаген меноманд ва аз он чандириву ҳамвории пӯст вобастагӣ дорад ба эътидол меорад. Витамини С қодир аст рагчаҳои хурди зери пӯстро тақвият бахшида, яраву захмҳои пӯстро шифо бубахшад.

Маҳсулоти дорои витамини С: меваи настаран (шиповник), смородинаи сиёҳ, лимӯ, афлесун, мандарин, чормағз, ангат (облепиха), карами дар намак хобонидашуда, ҷаъфарӣ.

Витамини Е

Витамини Е (токоферол) антиоксидантест, ки бар ҳар як ҳуҷайрача ғизову ҳаво мерасонад.

Маҳсулоти дорои витамини Е: равғани растанӣ (офтобпараст, ҷуворимакка, зайтун, зағер), меваи настаран, зардии тухм, нахӯд, лубиё, мош, гандуми сабз.

Калсий

Калсий аллергияи пӯстро рафъ намуда ба барқароршавии ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад.

Маҳсулоти дорои калсий: шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, гулкарам, барги салат, пиёз, ҷаъфарӣ себ.

Селен

Селен-сарчашмаи ҳақиқии ҷавонӣ аст. Ин модда афзоиши ҳуҷайраҳоро ба низом оварда, барои ҳазми витамини Е мусоидат мекунад. Масуният ва асабро тақвият мебахшад. Маҳсулоти дорои селен: гӯшт (хусусан гӯшти мурғ) панир, тухм, пиёз, чормағзи заминӣ (арахис) чормағз.

Йод

Тадқиқотҳои охири олимони ҷаҳон нишон доданд, ки дар натиҷаи норасоии йод дар организм мубодилаи моддаҳо дар қабати пӯст халал ёфта, фарбеҳӣ ба амал меояд. Маҳсулоти дорои йод: моҳї, карами баҳрӣ ва маҳсулоти баҳрӣ (креветка, кальмар) намаки йодноккардашуда.

Маҳсулоте, ки душмани пӯстанд

Аз ҳад зиёд истеъмол кардани хӯроки шӯр ва дар намак хобонидашуда боиси васеъшавии рагҳои пўст ва сурхшавии он, хусусан дар бинӣ ва рухсора мегардад.

Аз истеъмоли хӯроки равғанин ва ширин пӯст пур аз ярачаҳои зардобдор ва рихинакҳо мегардад. Аз нӯшидани чойи талх ва қаҳва пӯсти рӯй ранги зардро мегирад.

Витамини В9

Витамини В9-ҷавҳари фолиевӣ фаъолияташ тамоми узвҳо аз ҷулма, пӯстро мӯътадил нигоҳ медорад. Норасоии ин витамин дарҳол ба афзоиши мӯй таъсир мерасонад. Маҳсулоти дорои Витамини В9: лаблабу, тарбуз, харбуза, себ, карам, пиёз, сабзӣ, нахӯди сабз, тухм, гӯшти гов, ҷигари гов, шир, фалла.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД