Имрӯзҳо навъҳои зиёди крему гелҳои косметикӣ бо витамини C мавҷуданд. Аммо як тадқиқоти нави илмӣ нишон дод, ки пӯстро на воситаҳои косметикӣ, балки ғизое, ки витамини C бисёр дорад, беҳтар барқарор ва ҷавон мекунад. Ин дар назари аввал ғайриимкон менамояд.
Охир, витамини C аз малҳам рост ба пӯст мерасад, аммо аз ғизо он тавассути хун ба тамоми ҷисм паҳн мешавад ва ба пӯст гӯё танҳо каме мерасад. Бо вуҷуди ин, тадқиқоти бунёдӣ, ки аз ҷониби олимони Донишгоҳи Отагои Зеландияи Нав анҷом дода шуда, дар маҷаллаи илмии Journal of Investigative Dermatology нашр гардидааст, ин андешаро рад кард.
Чаро маҳз киви?
Дар таҷриба 24 нафар ихтиёриён ширкат карданд, ки пеш аз он норасоии витамини C доштанд. Онҳо дар давоми 8 ҳафта ҳар рӯз ду дона киви мехӯрданд. Ин миқдор тақрибан 250 мг витамини C дошт, яъне бештар аз се меъёри рӯзона.
Тадқиқот чӣ нишон дод?
Барои муайян кардани натиҷаҳо, аз пӯсти иштирокчиён биопсия гирифта шуд. Олимон исбот карданд, ки витамини C аз кивӣ тавассути хун ба ҳамаи қабатҳои пӯст расида, коркарди коллагенро фаъол мекунад. Дар натиҷа пӯст солимтару ҷавонтар мегардад.
Муҳимтарин кашф он буд, ки миқдори витамини C дар пӯст мустақиман аз сатҳи он дар хуни инсон вобаста аст. Яъне, ҳар қадар витамини C аз ғизо бештар ҷаббида шавад, ҳамон қадар бештар ба пӯст мерасад.
Профессор Маргрит Виссерс таъкид мекунад, ки чунин робитаи қавӣ миёни витамини C дар хун ва пӯст барои дигар узвҳо қариб мушоҳида нашудааст. Ин бори аввал исбот кард, ки витамини C, ки бо ғизо ворид мешавад, воқеан пӯстро ҷавон мекунад.
Диета аз крем муҳимтар аст
Олимон ба хулосае омаданд, ки ғизои дуруст аз малҳамҳои косметикӣ муҳимтар аст. Витамини C барои истеҳсоли коллаген бисёр зарур аст, аммо аз рӯи пӯст он хуб ҷаббида намешавад. Баръакс, аз хун пӯст онро хеле хуб қабул мекунад.
Танҳо киви фоида дорад?
Барои пӯсти солим на танҳо кивӣ муфид аст. Ҳамаи меваву сабзавоте, ки витамини C доранд, фоида меоранд: меваҳои ситрусӣ, буттамеваҳо, қаламфури булғорӣ, навъҳои гуногуни карам ва ғайра.
Олимон тавсия медиҳанд, ки инсон ҳар рӯз ҳадди ақал 5 порс мева ва сабзавот истеъмол кунад ва яке аз онҳо ҳатман бояд манбаи бойи витамини C бошад. Ин одати хуб на танҳо пӯстро ҷавон мекунад, балки ба сарфаи маблағ барои косметика ҳам кумак мерасонад.
Манбаъҳои асосии витамини C
Меъёри расмии рӯзонаи витамини C 80 мг аст. Ин маҳсулот метавонанд онро пурра таъмин кунанд:
- 🍊 Апельсини миёна — 80 мг (100%)
- 🍊 Грейпфрут (120 г) — 120 мг (150%)
- 🥝 Кивии калон — 93 мг (116%)
- 🥝 Кивии SunGold — 100–160 мг (125–200%)
- 🌶 Қаламфури булғорӣ — 100 мг (125%)
- 🍓 Як пиёла қулфинай ё қарақат — 100 мг (125%)
- 🥬 Карам (сафед, гулкарам, брокколи) — 60 мг (75%)