Formula novemver 2024
“Виҷдон”-наворбардории филми нави “Тоҷикфилм” оғоз меёбад
493


Моҳи марти соли 2024 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар шаҳри Душанбе наворбардории филми нави ҳунариро бо номи шартии «Виҷдон»-ро оғоз менамояд.

Бино ба иттилои маъмурияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», дар филм воқеиятҳои ҷомеаи имрӯз дар моҷарои зиндагии як пирамард, ки пас аз ҷавоб шудан аз бемористони равонӣ дар муҳити хонавода танҳо касест, ки бо ҳасрати замони шӯравӣ зиндагӣ мекунад ва умедвор аст, ки он низом дубора барқарор мешавад, инъикос мегарданд. Китобҳои наберааш Ҳофиз дар масоили тиҷорат ба пирамард хуш намеояд. Ӯ кӯшиш мекунад, ки таваҷҷуҳи кӯдакро аз “капитализм” ба «сотсиализм» ҷалб намояд ва ин боиси низоъ мегардад.

- Пирамардро хотираҳои ҷанги артиши шӯравӣ дар Афғонистон азият медиҳад, дар муҳити хонавода ба ҷуз писараш пуштибони дигаре намеёбад. Филмнома дар Шӯрои бадеии Тоҷикфилм мавриди муҳокима қарор гирифта, барои филмбардорӣ пазируфта шуд. Достони филм робитаи падар бо писар ва гуфтугӯйи байни наслҳоро дар ҷомеаи имрӯз тасвир мекунад. Бо хотираҳои шӯравӣ зистани пирамард ва баҳси ӯ бо хонавода арзишҳои соҳибистоқлолии давлатро рӯшан мекунад. Фаъолияти яке аз шахсиятҳои филм дар ширкати сайёҳӣ маконҳои зебою дилфиреби Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Дар филм нақши асосиро ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик Исфандиёр Ғуломзода мебозад,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки муаллиф ва коргардони таҳиягар Соҳибёр Толиб, таҳсилкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бахши забон ва адабиёти тоҷик (соли 2008) ва Донишкадаи телевизион ва синамои Санкт-Петербург, бахши филмноманависӣ (соли 2021), муҳаррир, хабарнигори Радиои Тоҷикистон дар Русия (2005-2019), сармуҳаррири газетаи “Тоҷикони Россия” (2011-2013), сардори шуъбаи филмноманависони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” (2023), коргардони филмҳои ҳунарии кӯтоҳи “Талош” (2018, Тоҷикистон), “Моҳиҳои бузург” (2020, Русия), “Қаландар” (2020, Русия) аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД