goodwell
Вазорати тандурустӣ: дар Тоҷикистон сирояти «Хантавирус» ба қайд гирифта нашудааст
13.05.2026
Oila.tj
174

Вобаста ба паҳн гардидани иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва таваҷҷуҳи аҳолӣ ба масъалаи «Хантавирус» Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумотҳои таҳлилӣ хотиррасон капрд, ки хантавирусҳо гурӯҳи вирусҳое мебошанд, ки асосан тавассути хояндаҳо паҳн мешаванд ва метавонанд боиси бемориҳои сироятии вазнин дар инсон гарданд.

- Пеш аз ҳама ба иттилоатон расониданием, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ сирояти «Хантавирус» ба қайд гирифта нашудааст,- таъкид намуд вазорат.

Зикр гардид, ки хантавирусҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн шуда, ареали онҳо асосан ба ҷойҳои зисти намудҳои гуногуни хояндаҳо вобаста аст. Ҳар як навъи хантавирус одатан бо як намуди муайяни хоянда алоқаманд мебошад.

Минтақаҳои асосии паҳншавӣ:

Осиё

Дар кишварҳои Хитой, Кореяи Ҷанубӣ ва Россия бештар шакли табларзаи геморрагӣ бо алоими гурда (HFRS) ба қайд гирифта мешавад. Дар ин минтақаҳо вирусҳои «Hantaan” ва «Seoul” бештар паҳн шудаанд.

Аврупо

Ҳолатҳои сироят дар Финландия, Шветсия, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳои аврупоӣ мушоҳида мешаванд. Дар Аврупо бештар вируси «Puumala» паҳн гардидааст.

Амрикои Шимолӣ

Дар ИМА ва Канада асосан синдроми шушии хантавирус (HPS) ба қайд гирифта мешавад. Ин шакл бештар бо «Sin Nombre virus» алоқаманд аст.

Амрикои Ҷанубӣ

Дар Аргентина, Чили, Бразилия ва Парагвай якчанд намудҳои Хантавирус мавҷуданд, аз ҷумла «Andes virus», ки дар ҳолатҳои нодир метавонад аз инсон ба инсон интиқол ёбад.

Омилҳои паҳншавӣ

Паҳншавии хантавирусҳо бештар ба омилҳои зерин вобаста аст:

• зиёдшавии шумораи хояндаҳо;

• тағйирёбии иқлим;

• урбанизатсия ва вайроншавии муҳити табиӣ;

• риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ;

• нигоҳдории нодурусти маҳсулоти озуқаворӣ - сабаби пайоиши хояндаҳо.

Вазъият дар Осиёи Марказӣ

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, маълумоти васеи расмӣ оид ба бақайдгирӣ ва хуруҷи Хантавирус маҳдуд мебошад. Бо вуҷуди ин, бо дарназардошти мавҷудияти хояндаҳои табиӣ ва омилҳои экологӣ, мониторинги доимии эпидемиологӣ ва чораҳои профилактикӣ гузаронида мешавад.

Дар баробари ин, мутахассисон таъкид менамоянд, ки сироят бештар ҳангоми тамос бо пешоб, наҷосат ё оби даҳони хояндаҳои сироятшуда дар минтақаҳои дорои мавҷудияти гардиши вирус ба вуҷуд меояд. Инчунин, эҳтимоли сироят ҳангоми нафаскашии зарраҳои чангу ғубори олудашуда дар ҷойҳои пӯшида, анборҳо, таҳхонаҳо ва манзилҳое, ки хояндаҳо мавҷуданд, зиёд мегардад.

Дар айни ҳол вазъият таҳти назорати мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дода шудааст. Бо вуҷуди ин, риояи чораҳои оддии беҳдоштӣ метавонад хатари сироятро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

Чораҳои асосии пешгирӣ

• тоза нигоҳ доштани хонаҳо, таҳхонаҳо, анборҳо ва ҷойҳои нигоҳдории маҳсулот;

• пешгирии воридшавии хояндаҳо ба манзил ва маҳалҳои нигоҳдории озуқаворӣ;

• нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ дар зарфҳои пушида;

• истифодаи дастпӯшак ва ниқоб ҳангоми тоза кардани ҷойҳое, ки эҳтимоли мавҷудияти хояндаҳо вуҷуд дорад;

• сари вақт нест кардани партовҳои маишӣ;

• муроҷиати фаврӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ҳангоми пайдо шудани нишонаҳо дар ҳолати алоқамандӣ ва ё осеб аз хояндаҳо, аз ҷумла табларза, дарди мушакҳо, сустӣ, мушкилоти нафаскашӣ ё дарди шадиди сар.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон танҳо ба маълумоти расмӣ такя намуда, аз паҳн намудани хабарҳои тасдиқнашуда худдорӣ намоянд.

Ҳифзи саломатии аҳолӣ танҳо дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ҳамкории ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати санитарӣ таъмин карда мешавад.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: хатари умумии паҳншавии Хантавирус дар ҷаҳон паст арзёбӣ мегардад

Тибқи маълумоти охирини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон ҳолатҳои алоҳидаи сирояти Хантавирус ба қайд гирифта шудаанд, ки айни замон таҳти назорати байналмилалии эпидемиологӣ қарор доранд.

Мувофиқи арзёбии СУТ, хатари паҳншавии васеи беморӣ барои аҳолии ҷаҳон дар айни ҳол «паст» боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ин, ташкилот аз кишварҳо даъват намудааст, ки омодагии низоми тандурустӣ, мониторинги эпидемиологӣ ва чораҳои назоратиро тақвият диҳанд.

СУТ махсусан таъкид менамояд, ки аксари намудҳои хантавирус аз инсон ба инсон намегузаранд. Танҳо навъи «Andes virus», ки дар баъзе минтақаҳои Амрикои Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудааст, метавонад дар ҳолатҳои нодир тавассути тамоси наздик ва тӯлонӣ байни одамон интиқол ёбад.

Аз рӯи маълумоти расмӣ, айни замон як қатор ҳолатҳои марбут ба сироят дар киштии сайёҳии MV Hondius таҳқиқ мешаванд.

СУТ дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дахлдор чораҳои зеринро амалӣ намуда истодааст:

• гузаронидани мониторинги байналмилалии эпидемиологӣ;

• таъмини ташхиси лабораторӣ;

• назорати шахсони дар тамосбуда;

• таҳияи дастурҳои бехатарии санитарӣ;

• ҳамоҳангсозии чораҳои фаврии тандурустӣ байни кишварҳо.

Мутахассисони СУТ тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, аз тамос бо хояндаҳо ва ҷойҳои эҳтимолан олудашуда худдорӣ намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъкид менамояд, ки паҳн намудани маълумоти дақиқ, ҳамкории байналмилалӣ ва риояи чораҳои одии пешгирикунанда омили муҳим барои ҳифзи саломатии ҷомеа мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД