arzon replenishment
Вазорати нақлиёт вазъи роҳҳо ва омодагӣ ба зимистонро месанҷад
501

Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ вазъи омодагии роҳҳоро ба мавсими зимистон мавриди санҷиш қарор додааст.

Дар рафти санҷиш ҳолати роҳҳо, пулҳо, техникаҳои роҳтозакунӣ, захираи ангишт, маводи сӯзишворӣ ва маводҳои зурурӣ барои об кардани барфу ях бо мақсади пешгирии лағжиши одамон ва нақлиёт дар роҳҳои яхбаста дар фасли зимистон, ҳамчунин таъмини кормандони соҳа бо либоси кории зимистона омӯхта мешавад.

Бо ин мақсад гурӯҳи махсуси корӣ ташкил карда шудааст, ки онро муовини аввали вазири нақлиёти кишвар сарварӣ менамояд.

Ҳадаф аз ин санҷиш омӯхтани вазъи тайёрии соҳаи нақлиёти мамлакат барои фаъолияти мунтазам дар мавсими зимистон аст. Тибқи нақша то 1-уми ноябри соли равон соҳа бояд ба зимистонгузаронӣ ба пуррагӣ омода гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД