Formula novemver 2024
Вазорати маориф таътили зимистонаи мактаббачаҳоро эълон кард
542


Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар хабар додааст, шурӯъ аз 1- январи соли 2024 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз меёбад.

Дарс дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ то 29 декабр идома хоҳад ёфт. Чоряки дуюм то санаи 31-декабр ҷамъбаст гашта, баъдан хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.

Таътили зимистона рӯзи 10 январ ба поён расида, аз 11-уми январи соли 2024 дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ дарсҳо оғоз мегарданд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар давраи таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб менамояд.

Ҳамзамон ба хонандагон барои мутолиа дар давраи таътили зимистона рӯйхати адабиёти бадеъӣ пешниҳод карда мешавад.

Вазорати маориф аз ҳамаи падару модарон даъват намудааст, ки дар давраи таътили зимистона аз рӯйи фарзандонашон назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки кӯдакону наврасон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд.

Вазорат аз волидон хостааст, ки монеи оворагардии кӯдакон гашта, нагузоранд, ки фарзандонашон ба бозиҳои компютерӣ машғул шаванд.

Бояд гуфт, ки таътилизимистона танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ ҷалб карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД