Шикоятҳо дар мавриди маҷбур кардани волидон ҷиҳати харидории сару либоси мактабӣ на аз бозор, балки аз тоҷирони махус аз ҷониби роҳбарияти мактабҳо ва омӯзгорон дар ду ҳафтаи охир зиёд шудаанд. Хонандагони мо пурсиданд, ки онҳо бояд либоси мактабиро аз куҷо харидорӣ кунанд ва оё директорони мактабҳову роҳбарони синфҳо ҳақ доранд, ки волидайнро ба суроғаҳои махус фиристанд.
Хуршед Мавлонов, сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар дар суҳбат бо Oila.tj гуфт, тибқи талаботи қонунгузорӣ муаллим ва директори мактаб ҳақ надорад, ки хонанда ва волидони ӯро барои аз мағозаи мушаххас харидорӣ кардани либоси мактабӣ, маҷбур кунад ва ё худашон ба онҳо либос фурӯшанд.
“Тибқи талаботи қисми 9-уми моддаи 58-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ба омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, роҳбарони синфҳо, мураббиҳо, парасторон, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварии маблағи нақд ва ғайринақдӣ аз таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунандаи) манъ аст. Дар ҳамин асос, имрӯзҳо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ба хариду фурӯши либоси мактабӣ кордор нестанд. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ танҳо корбарӣ мекунанд, то волидайн аз корхонаҳои ватание, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд ва кумитаи падарону модарон бо онҳо шартнома доранд, либосҳои мактабиро харидорӣ кунанд”, - гуфт сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар.
Ба таъкиди Хуршед Мавлонов, дар шаҳру ноҳияҳо кумитаи падару модарон бо ширкатҳои дӯзандагии ватание, ки дар ҳудуди ҳамон шаҳр ё ноҳия фаъолият карда, фармоиш барои дӯхтани либоси мактабиро қабул мекунад, шартнома мебанданд ва тибқи ҳамон қарордод либосҳо аз коргоҳҳои мазкур харидорӣ мешаванд.
Ӯ аз ҷумла, қайд кард, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 июли соли 2024, №446 "Дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе" аз 1 то 31 августи соли 2024 бо мақсади дастрасии хонандагони муассисаҳои мактабӣ, бо назардошти фарорасии соли таҳсили 2024-2025 ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар 4 ноҳияи пойтахт ба роҳ монда шудааст, ки сокинон метавонанд либосҳои мактабии худро аз маконҳои муқарраршуда харидорӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки мувофиқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат, феълан беш аз 70 корхонаву коргоҳи дӯзандагии ватанӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар либоси мактабӣ омода мекунанд.
Дӯхти либоси мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, ба роҳ мондааст. Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхонаҳои дӯзандагӣ бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамояд.
Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ–шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатии СТҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худӣ пешниҳод шудааст. Ин тадбир имкон фароҳам овардааст, ки хонандагони муассисаҳо аз чунин корхонаҳои саноатии ҳудуди кишвар сару либоси мактабиро бо сифати баланд ва нархи арзон харидорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш гуфта буд, ба роҳбарони раёсату шуъбаҳои маориф дастур додааст, ки омӯзгорон ба раванди хариди либоси мактабӣ аз ҷониби волидайн дахолат накунанд, зеро онҳо чунин ҳуқуқро надоранд.
Вазир он замон таъкид карда буд, ки ин тарҳ дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав амалӣ шуда, коргоҳҳои дӯзандагии дар асоси қарори якҷояи кумитаи падару модарони ҳар як муассиса, ки намунаҳои тавсияро барои писарон ва духтарон интихоб мекунанд, либосҳоро дӯхта, ба волидайни хонандагон пешниҳод мекунанд.
“Ягон кас, махсусан директор ё омӯзгор ҳуқуқи дахолат кардан ба ҷамъ намудани маблағ барои хариди либоси мактабиро надорад. Яъне, кумитаи падару модарон барои ин масъул аст ва маҳз онҳо тибқи шартнома аз худи коргоҳҳои дӯзандагӣ ё ярмаркаҳое, ки мешаванд, либосҳоро харидорӣ мекунанд”, - гуфта буд вазир.
Ба таъкиди вазир, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳақ надоранд, ки ҳар сол либоси ягонаро барои хонандагон иваз намоянд, зеро дар кишвар оилаҳое ҳастанд, ки серфарзанданд ва ҳар сол имкони харидорӣ намудани либоси нав барои фарзандонро надоранд. Бинобар ин, онҳо метавонанд либосҳои соли гузаштаи фарзандонроо, ки навтар ва тозаанд, ба кӯдакони хурдтарашон барои истифода диҳанд.
Қобили қайд аст, ки масъалаи мазкур ҳар сол қабл аз оғози соли хониш доғ мешавад, зеро баъзе аз масъулини мактабҳои кишвар волидонро маҷбур мекунанд, барои фарзандонашон аз мағозаҳои муайян либос харанд.