Либоси ягонаи мактабӣ мушкиле аст, ки ҳар соли нави таҳсил пайдо мешавад ва ҳалли худро намеёбад.
Волидони аз бесифатии дӯхти либосҳои корхонаҳои ватанӣ шикоят доранд. Бархе аз нархи гарони он ва баъзеи дигар аз маҷбуркунии муаллиму директори муассиса барои харидории либос изҳори нигаронӣ мекунанд. Аммо мақомдорон ин шикоятҳоро рад мекунанд.
Темурҷон Абдулваҳобзода, роҳбари Агентии “Тоҷикстандарт” 2-юми августи соли равон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки сифати либосҳои мактабии истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба стандартҳое, ки соли 2018 дар ин кишвар қабул шудааст, мувофиқат мекунанд.
“Айни замон 36 корхонаи истеҳсолкунандаи либоси мактабӣ бо “Тоҷикстандарт” ҳамкорӣ дошта, маҳсулоти онҳо ба тамоми талабот ҷавобгӯ аст. Беш аз 103 ҳазор адад сару либоси мактабӣ барои санҷиш ба Агентӣ пешниҳод шуда, гувоҳиномаи мутобиқати сифати мусбат гирифтанд”,-иброз доштааст роҳбари ин ниҳод.
Ҳамзамон, Абдулваҳобзода таъкид доштааст, ки то ҳол ба Агентии “Тоҷикстандарт” ягон ариза ё шикоят дар бораи сифати либоси мактабӣ ворид нашудааст.
Аммо худ шоҳиди он мешавем, ки волидон ба сифати либосҳои мактабӣ чӣ гуна баҳо дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд.
Абдурауф Пӯлотов, сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” гуфта буд, ки нархи як либоси сегонаи мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ 220-240 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, аз хориҷи мамлакат, асосан аз Ӯзбекистон либоси мактабӣ ворид мешавад, ки нархи як адад либоси сегонаи мактабии истеҳсоли Ӯзбекистон 180 сомониро ташкил медиҳад.
Падару модарон мегӯянд, ки нархро арзон гуфта эълон мекунанд, аммо вақте барои харид меравед, тамоман дигар аст. Ҳарчанд истеҳсоли Ӯзбекистон арзон ҳам бошад, вале сифати матоъ худ нест. Тарзи духташ аз корхонаҳои ватанӣ беҳтар асту матои либос на он қадар.
Дар ин замина, Абдурауф Пӯлотов меафзояд, ки либосҳои мактабие, ки дар корхонаҳои саноатии мамлакат истеҳсол карда мешаванд, пурра ба стандартҳои сифат ҷавобгӯ мебошанд. Матоъҳое, ки аз онҳо корхонаҳои саноатии мамлакат либосҳои мактабӣ медӯзанд, истеҳсоли Туркия мебошанд. Ҳамчунин, таҷҳизоту датгоҳҳои корхонаҳои саноатие, ки дар онҳо либоси мактабӣ омода мегарданд, муосир буда, истеҳсоли Чин ва Ҷопон ҳастанд.
1-уми августи соли ҷорӣ Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маорифи кишвар зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки муаллим ва директори мактаб ҳақ надорад, ки хонанда ва волидони ӯро барои аз мағозаи мушаххас харидорӣ кардани либоси мактабӣ, маҷбур кунад.
Масъалаи мазкур ҳар сол қабл аз оғози соли нави хониш доғ мешавад, зеро баъзе аз масъулини муассисаҳои таълимии кишвар падару модаронро маҷбур мекунанд, барои фарзандонашон аз мағозаҳои муайян либос харанд.
Муовини вазир гуфт, ки барои хариди либоси мактабӣ хонандагони мактаб ва волидони онҳо соҳибихтиёр буда, муаллим ё директор ҳуқуқи дахолат ба интихоби онҳоро надоранд. Муаллим ё директори мактаб танҳо ҳуқуқ дорад, ки барои осон шудани интихоб ва харидории либос ба волидон мусоидат кунад.
Бояд гуфт, ки тибқи омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз 1,7 млн дона либоси мактабӣ истеҳсол гардид. Дар айни замон дар Тоҷикистон 80 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул мебошад.