Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар пойтахти Русия-шаҳри Маскав бо муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Россия Елена Мухтиярова мулоқот намуд.
Ҷонибҳо рафти татбиқи шартномаҳои дуҷонибаи байни Русия ва Тоҷикистонро дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима карданд.
Дар амал татбиқ намудани созишномаҳое, ки зимни мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Русия Марат Хуснуллин ба имзо расида буданд, мавзӯи меҳварии ин суҳбат гашта, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муҳими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ташкили муҳоҷирати мутташакилонаю гурӯҳии шаҳрвандони Тоҷикистонро барои фаъолияти меҳнатӣ ба Русия, баланд бардоштани дараҷаи тахассуси муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тавассути курсҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ, омодасозии муттахассисони ба талаботи бозори меҳнати Федератсияи Русия ҷавобгӯй ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатиро муҳокима намуданд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон намояндагии бахши шиносномавию раводиди Вазорати корҳои дохилии Россия кушода шудааст.
Шахсоне, ки нияти ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, метавонанд ба ин намояндагӣ муроҷиат намуда, дар худи Тоҷикистон аз назорати тиббӣ гузаранд, изи ангушт, тести забони русӣ ва таъриху ҳуқуқи Россияро супурда, тамоми ҳуҷҷатҳои барои фаъолияти қонунии меҳнатӣ дар Федератсияи Русия зарурро ба даст биёранд.