Вазири маориф дар бораи низоми 12-солаи таҳсил сухан гуфт
30.01.2026
Oila.tj
151

Низоми 12-солаи таҳсил аввал ба шакли пилотӣ дар 180 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии типи нав ҷорӣ карда мешавад. Ин нукта дар нишасти матбуотии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода садо дод.

Раҳим Саидзода дар робита ба суоли хабарнигорон дар мавриди гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил гуфт, ки "дар ин самт корбарӣ идома дорад".

- Пеш аз ҳама барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил шароит муҳайё карданамон лозим аст,- гуфт вазир ва ишора кард, ки айни замон вазорат дар ин хусус мониторинг мегузаронад.

"Бинобар ин, мо аввал дар 180 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав ин низомро амалӣ хоҳем кард",- гуфт вазир. Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки кай низоми 12-солаи таҳсил ҷорӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД